Нобел – 2022. Кӣ ва дар кадом ришта ғолиб гардид?

Ҳафтаи гузашта ғолибони ҷоизаи Нобел – 2022 мушаххас гардид. Ҷоизаи Нобел барои сулҳ, адабиёт, физика, химия, иқтисод ва тиб дар соли 2022 тақдим шуд. Имсол дар ириштаи адабиёт ва тиб як нафари соҳиби ҷоизаи шуда бошанд, дар риштаҳои дигар ду ва се нафари соҳиби ҷоиза гардиданд. Ҷолиб ин аст, ки ҷоизаи сулҳи Нобел ба намояндаи […]

Ҳафтаи гузашта ғолибони ҷоизаи Нобел – 2022 мушаххас гардид. Ҷоизаи Нобел барои сулҳ, адабиёт, физика, химия, иқтисод ва тиб дар соли 2022 тақдим шуд.

Имсол дар ириштаи адабиёт ва тиб як нафари соҳиби ҷоизаи шуда бошанд, дар риштаҳои дигар ду ва се нафари соҳиби ҷоиза гардиданд. Ҷолиб ин аст, ки ҷоизаи сулҳи Нобел ба намояндаи ду кишвари дар ҳолати ҷанг қарордошта дода шуд. Кистанд онҳо ва барои кадом кори хеш соҳиби ҷоизаи нобел шуданд?

Ҷоизаи сулҳи Нобел

Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2022 ба ҳомии ҳуқуқи башар Алес Белятски аз Беларусия, Созмони ҳуқуқи башари “Мемориал”дар Русия ва Созмони ҳуқуқи башари "Маркази озодиҳои шаҳрвандӣ" дар Украина дода шуд.

Кумитаи Ҷоизаи Нобел гуфтааст, ки ҳар се барандагони ҷоиза барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои худ муҳим будани сулҳ ва демократияро исбот кардаанд.

“Дар тӯли солҳои зиёд онҳо ҳуқуқи танқиди мақомот ва дифоъ аз ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандонро тарғиб менамуданд. Ин нафарон барои ошкор сохтани парвандаҳои ҷиноятҳои ҷангӣ, нақзи ҳуқуқи башар ва сӯиистифода аз мақоми давлатӣ кӯшишҳои беандоза анҷом медоданд”, – омадааст дар хабари ҷашнворавии кумита.

Бояд гуфт, Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2021 ба пажӯҳишгари филиппинӣ Мария Ресса ва сардабири нашрияи “Новая газета” Дмитрий Муратов дода шуда буд.

Ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт

Ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт барои соли 2022 ба нависандаи фаронсавӣ Энни Эрно дода шуд.

Кумита тавзеҳ додааст, ки Эрно ин ҷоизаро барои “ҷасорате, ки бо он шарм, таҳқир, ҳасад ё натавонии худро тасвир кардааст” ва ҳамчунин “забони содда ва фаҳмо” доштанаш ба даст овардааст.

Гуфта мешавад, ки Эрно дар навиштаҳои худ пайваста паҳлӯҳои гуногуни ҳаётеро баррасӣ мекард, ки табъиз ва нобаробарӣ ба ҷинс, забон ва табақа ҳис мешуд.

“Роҳи пешгирифтаи муаллиф душвор буд”, – таъкид кардааст Кумитаи Ҷоизаи Нобел.

Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика

Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика дар соли 2022 ба донишманди фаронсавӣ Ален Аспе, физики амрикоӣ Ҷон Клаузер ва олими австриягӣ Антон Зайлингер тақдим гардид.

Ба иттилои Кумитаи Нобел, ин ҷоизаҳо “барои таҷрибаҳо бо фотонҳои печида, муайян кардани нобаробарӣ дар Белл ва пешравӣ дар илми квантӣ” дода шуд.

Гуфта мешавад, ки мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10 миллион крон миёни се ғолиб баробар тақсим карда мешавад. Ин маблағ бо қурби кунунӣ беш аз 900 ҳазор доллар аст.

Ҷоизаи Нобел дар риштаи химия

Ҷоизаи Нобел дар бахши химия дар соли 2022 ба Каролин Бертозси (ИМА), Мортен Молдал (Дания) ва Барри Шарплесс (ИМА) барои рушди кимиёи клик ва биоортогоналӣ дода шуд.

Гуфта мешавад, ки Шарплес ва Мелдал барои шакли функсионалии химия – клик химия – замина гузоштанд. Бертоззи химияи кликро ба шакли нав пеш гирифтааст ва ба истифодаи он дар организмҳои зинда пардохтааст.

Ҷоизаи Нобел дар риштаи иқтисод

Барандагони имсолаи Ҷоизаи Нобел дар риштаи иқтисод Бен Бернанке, Дуглас Даймонд ва Филип Дибвиг эълон гардиданд.

“Дар бозёфтҳои онҳо чӣ тавр бо бӯҳрони молиявӣ мубориза бурдан нишон дода шудааст”, – менависад Кумитаи Ҷоизаи Нобел.

Гуфта мешавад, ки ғолибон фаҳмиши ҷаҳонро дар бораи нақши бонкҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон, ба хусус дар давраи бӯҳрони молиявӣ ба таври назаррас дигар карданд.

Ҷоизаи Нобел дар риштаи тиб

Ҷоизаи Нобел дар риштаи физиология ва тиб дар соли 2022 ба Сванте Паабо дода шуд.

Гуфта мешавад, ки ӯ “барои кашфиёташ дар бораи гоминҳои нобудшуда ва эволютсияи инсон” ҷоизаро соҳиб гардид. Паабо яке аз асосгузорони ин илм ба ҳисоб меравад ва таҳти роҳбарии ӯ геноми неандерталӣ бори аввал кашф карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи Нобел ҳамасола аз ҷониби Бунёди Нобел ба нафарони дар риштаи пешгирифтаи худ корҳои фавқулода анҷом дода, дода мешавад. Ин ҷоиза дар соли 1968 ба хотираи Алфред Нобел, ихтироъкор ва соҳибкори суэдӣ, таъсис дода шудааст ва мукофоти пулӣ ва медалу дипломи он аз сарвати Алфред Нобел ҷудо мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.