Дар ду рӯз дар Тоҷикистон ду заминларза рух дод

Субҳи имрӯз, 4-уми октябр, дар 7-километраи ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе заминларза рух додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷиистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин заминларза соати 03:31 дақиқа рух дода,  маркази он 7 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ […]

Субҳи имрӯз, 4-уми октябр, дар 7-километраи ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе заминларза рух додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷиистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин заминларза соати 03:31 дақиқа рух дода,  маркази он 7 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ гуфта мешавад.

“Қувваи заминларза дар маркази он 2-3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест”, – менависад манбаъ.

Бояд гуфт, ҳафтаи равон бори дуввум аст, ки дар қаламрави кишвар заминларза ба вуҷуд меояд.

Ду рӯзи пеш ҳам, соати 19:03 дақиқаи шоми 2-юми октябр дар қаламрави мамлакат заминларзаи сахти қуввааш 5,3 балл рух дода буд.

Маркази ин офати табиӣ дар фосилаи 44 километр ба самти ҷанубушарқ аз мавзеи Қаракенҷа, як нуқтаи аҳолинишин бо 2800 аҳолӣ дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир шуда, замини он дар умқи 13 километр ларзид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.