Ба “облава” афтодед? Метавонед ба ниҳодҳои марбута шикоят кунед!

Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид, ки то 30-юми ноябр идома меёбад. Шахсони аз 18 то 27-сола даъват мешаванд, ки барои хизмати ҳарбӣ коршояманду барои ба таъхир гузоштани хизмат ё озод шудан аз он асос надоранд. Аллакай дар рӯзи аввали даъват дар Воруху Чоркӯҳ, Вахшу Фархор, Рашт ва ВМКБ […]

Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид, ки то 30-юми ноябр идома меёбад. Шахсони аз 18 то 27-сола даъват мешаванд, ки барои хизмати ҳарбӣ коршояманду барои ба таъхир гузоштани хизмат ё озод шудан аз он асос надоранд.

Аллакай дар рӯзи аввали даъват дар Воруху Чоркӯҳ, Вахшу Фархор, Рашт ва ВМКБ аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки мақомот иҷрои пеш аз мӯҳлати нақшаи даъват ба артишро ба афзоиши теъдоди ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва ҳамчунин баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар остонаи маъракаи даъват ба артиш шарҳ медиҳанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бар ин назаранд, ки мушкили асосии маъракаҳои даъват ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳолатҳои бо зӯр ба артиш бурдани ҷавонон, “сарбозшикор” ё “облава” мебошад.

Агар чунин шуморед, ки ҳангоми маъркаи даъват ба хидмат дар артиш нисбати шумо нодуруст ва ғайриқонунӣ рафтор кардаанд, масалан бо “облава” равон кардаанд – метавонед ба ташкилоту идораҳое, ки рӯйхаташонро мо дар тасвири зер гирдоварӣ намудем, муроҷиат кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.