Ҳақ барои пули нақд: Алиф Бонк меъёрҳояшро тағйир дод

Asia-Plus

Директор оид ба маҳсулоти “Алиф Банк” Александр Шамилов шарҳ дод, ки чаро ин тасмим гирифта шуд. Зимнан, қарори мазкур аз 1-уми октябр эътибор пайдо кард.

Чаро ин тасмим гирифта шуд?

Аз ибтидо барои интиқол ва гирифтани маблағ аз барномаи “alif mobi” маҳдудиятҳо вуҷуд доштанд. Қаблан имкон буд, ки бидуни ҳақ (комиссия) дар як моҳ то 5 ҳазор сомонӣ пули нақд гирифта ва интиқол дода шавад. Аз 1-уми октябр ин меъёр то 3 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

Алиф ҳамеша ба рушди пардохт ва интиқоли ғайринақдӣ авлавият медиҳад. Барои он ки мардум аз усули муносиби пардохт фаъолона истифода баранд, Алиф аз замони ба кор даромадани “alif mobi” барои пардохту интиқоли ғайринақдӣ то 50 дарсад кэшбэк пешниҳод мекунад.

Ва интиқол тавассути ҳамёнҳои “alif mobi”, новобаста аз ҳаҷм, бе ҳақ буданд ва боқӣ мемонанд.

Хулоса, акнун метавон ба корт пул интиқол дода, бидуни ҳақ то 3 ҳазор сомонӣ ғайринақдӣ кард. Ва ин чанд сабаб дорад:

– Зарурати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои вусъат додани пардохтҳои ғайринадӣ” № 586 ва сиёсати ҳукумат оид ба гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ.

– Нақд кардани маблағ ва интиқоли маблағ ба кортҳои дигар сарфаи маблағро мехоҳад ва онро Алиф аз ҳисоби худ мепӯшонд.

Бо афзоиши ҳаҷми муомилот, пӯшонидани хароҷоти мазкур барои Алиф душвортар шуд, аз ин рӯ маҷбур гардид, ки маҳдудият ҷорӣ кунад.

Бояд гуфт, ки замимаи “alif mobi” барои шахсони воқеӣ пешбинӣ шудааст. Бар асоси таҳлилҳо, меъёри моҳонаи 3 ҳазор сомонӣ барои 98 дарсади корбарони “alif mobi” кифоя аст. Танҳо 2 дарсад корбарон метавонанд бо ин маҳдудият рӯбарӯ шаванд.

Меъёр ва ҳақ чист?

Ҳангоми интиқоли то 3 ҳазор сомонӣ дар як моҳ аз ҳисоби “alif mobi” ба кортҳои Корти Миллӣ ё Visa ҳақ ситонида намешавад.

Агар маблағ аз 3 ҳазор сомонӣ бештар бошад, ба андозаи 0,5 дарсади маблағи интиқол ҳақ ситонида мешавад.

Ин маълумотро дар “alif mobi”, дар бахши "Меъёрҳо" низ дидан мумкин аст.

Бояд қайд кард, ки интиқол байни кортҳои Alif Visa ва суратҳисобҳои “alif mobi” мисли пештара бидуни комиссия сурат мегирад.

Ҳангоми гирифтани беш аз 3 ҳазор сомонӣ пули нақд аз ҳисоби “alif mobi” дар хазина ва терминалҳои Алиф 0,7 дарсад ҳақ ситонида мешавад.

Ҳангоми гирифтани пул аз банкоматҳои Алифа аз кортҳо:

“Корти милли” дар як шабонарӯз то 5 ҳазор сомонӣ – 0%;

Visa дар як рӯз то 10 ҳазор сомонӣ – 0%.

Чаро ҳақ ситонида мешавад?

Корбарон асосан барои пардохти ягон маҳсулот ё хидмат пул интиқол интиқол медиҳанд ё нақдина мекунанд, ҳарчанд онҳо метавонанд мустақилона тавассути “alif mobi” бидуни ҳақ пардохт кунанд.

Тавре зикр гардид, маҳдудиятҳо барои ҳавасманд кардани корбарон барои гузаштан ба усули қулай, фоидаовар ва шаффоф кам ҷорӣ шуданд. Ин, дар навбати худ, барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Натиҷаҳо аллакай назаррасанд. Агар соли 2022 ҳамагӣ 12 дарсади пардохти молу хизматрасонӣ тавассути кортҳо анҷом дода шуда бошад, пас дар нимсолаи аввали соли 2023 ин рақам 1,5 баробар афзуда, ба 18 дарсад расид.

Албатта, холо дар хама ҷо имкони пардохти ғайринақдӣ мавҷуд нест. Барои ноил шудан ба ин, Алиф ҳамарӯза кӯшиш мекунад, ки доираи имкониятҳоро васеъ намояд ва барои муштариён шароити бештар ва судманду қулайро пешкаш кунад.

Ин барнома ба шумо имкон медиҳад, ки дар ҳама муассисаҳои савдо ва хидматрасонии дорои QR-и ягона, тавассути ғайринақдӣ пардохт кунед. Ин гуна муассисаҳо дар кишвар беш аз 5 ҳазор аст.

Гузашта аз ин, шумо метавонед тақрибан 500 хизматрасонӣ, аз ҷумла хадамоти давлатӣ, алоқаи мобилӣ, Интернет ва ғайраро пардохт кунед. Шумо инчунин метавонед пул интиқол диҳед, ба қарз харид кунед, фаъолияти молиявии худро назорат кунед ва ғайра.

Агар аз “alif mobi” ба кортҳои Алифчанд маротиба то 3 ҳазор сомонӣ пул интиқол диҳам ё гирам, ҳақ ситонида мешавад?

Не, ҳақ ситонида намешавад. Шумо метавонед пулро ба қадри дилхоҳатон бидуни ҳақ интиқол диҳед ва бозпас гиред, ба шарте ки маблағ аз меъёри моҳона зиёд набошад.

Агар саволе пайдо шуд, метавонед тавассути чати онлайни https://alif.tj посух гиред.

Меъёрҳои фоизӣ барои ҳамин амалиёт аз бонкҳои дигар чанд аст?

Ҳар як муассисаи молиявӣ дар асоси ҳадафҳо ва стратегияи худ маҳдудиятҳо ва пардохтҳоро муқаррар мекунад. Маълумоти бештарро дар бораи шартҳо дар сайтҳои худи муассисаҳои молиявӣ пайдо кардан мумкин аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...