Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти ИДМ ба Бишкек меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 13 октябр дар шаҳри Бишкек доир мегардад, ба Қирғизистон сафар мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон хабар доданд. Зикр шуд, ки сарони давлатҳои Иттиҳод маҷмӯи васеи масоил, аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳати тиҷорату иқтисодро баррасӣ мекунанд. […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 13 октябр дар шаҳри Бишкек доир мегардад, ба Қирғизистон сафар мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон хабар доданд.

Зикр шуд, ки сарони давлатҳои Иттиҳод маҷмӯи васеи масоил, аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳати тиҷорату иқтисодро баррасӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ қарорҳои муҳими марбут ба тавсеъаи ҳамкорӣ дар доираи ИДМ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳанг қабул хоҳанд шуд.

Дар хадамоти матбуоти президент зикр карданд, ки ҳоло маълум нест, ки миёни сарони давлатҳо вохӯриҳои дуҷониба баргузор мешаванд ё не.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти”Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ” аз Бишкек боздид карда буд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави кишвари ҳамсоя машқҳои муштараки Неруҳои дастаҷамъии СААД “Бародарии шикастнопазир-2023” ҷараён доранд, ки дар он низомиёни тоҷик низ иштирок доранд.

Қобили зикр аст, ки пас аз даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон низомиёни тоҷик бори аввал барои иштирок дар машқҳо ба қаламрави Қирғизистон ворид шуданд.

Байни Тоҷикистону Қирғизистн дар масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ баҳсҳо вуҷуд доранд, ки баъзан ба муноқишаҳои марзӣ боис мегарданд.

Масофаи сарҳади байни давлатҳо ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Айни замон зиёда аз сеяки ҳиссаи хатти сарҳад муайян ва аз ҷониби давлатҳо эътироф шудааст. Дар бораи беш аз 400 километри боқимонда то ҳол баҳсҳо идома доранд.

Гуфтушунидҳо дар ин хусус аз моҳи декабри соли 2002 идома доранд. Чанд рӯз пеш пас аз вохӯрии навбатӣ зикр шуд, ки ҷонибҳо ба хотимаи гуфтушунидҳо ва ояндаи наздик муқаррар намудани хати сарҳад наздик шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.