Пашинян аз иштирок дар нишасти ИДМ дар Бишкек даст кашид

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян дар нишасти қарибулвуқӯъи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 13 октябр дар Бишкек доир мегардад, иштирок намекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар дод. Тавре ки Эхо Кавказа менависад, рӯзи 10 октябр зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров нахуствазири Арманистон изҳори таассуф кардааст, ки бо баъзе […]

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян дар нишасти қарибулвуқӯъи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 13 октябр дар Бишкек доир мегардад, иштирок намекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар дод.

Тавре ки Эхо Кавказа менависад, рӯзи 10 октябр зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров нахуствазири Арманистон изҳори таассуф кардааст, ки бо баъзе сабабҳо дар нишаст ҳузур дошта наметавонад.

“Дар ҷараёни суҳбат Пашинян бо изҳори таассуф хабар дод, ки бо сабаби ҷой доштани як қатор ҳолатҳо дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ширкат карда наметавонад”, – хабар дод хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.

Қобили зикр аст, ки вазири корҳои хориҷии Арманистон Арарат Мирзоян низ ба Бишкек намеояд. Дар ҳошияи Шӯрои вазирони  корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузории вохӯрии сеҷонибаи Русия, Озарбойҷон ва Арманистон ба нақша гирифта шуда буд.

Қаблан ёвари президенти Русия иштироки Пашинянро дар вохӯрии сарони кишварҳои ИДМ тариқи алоқаи видеоӣ аз эҳтимол дур надониста буд.

Дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кигшварҳои узви ИДМ, ки дар пойтахти Қирғизистон доир мегардад, Арманистонро муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар намояндагӣ мекунад.

Пас аз рӯйдодҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва зери назорати Боку гузаштани минтақа, муносибатҳои Русия ва Арманистон ба сардӣ гароиданд.

Ереван амали иттифоқчии худро дар Қавқоз интиқод карда, намояндаи худро аз СААД бозхонд кард ва намоянаи нав таъин накард. Инчунин ба Украина кумаки башардӯстона фиристода, изҳор дошт, ки ба Суди байнулмилали ҷиноӣ, ки санади иҷозаи ҳабси Путинро додааст, ҳамроҳ мешавад.

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар мусоҳиба ба газетаи La Repubblica, ки рӯзи 3 сентябр нашр шуд, Русияро бо он айбдор кард, ки неруҳои посдори сулҳи он вазифаи ба уҳдаашон гузоштаро иҷро накарда, ҳаракати озодона тариқи долони Лочинро, ки Арманистонро бо Қарабоғ мепайванда, таъмин карда натавонистанд.

Ӯ изҳор дошт, ки вақте ки Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ амали Бокуро дар Қарабоғи Кӯҳӣ маҳкум накард, Ереван аз ин созмон дилсард шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.