Дар Афғонистон боз як заминларзаи сахт рух дод

Субҳи рӯзи 11 октябр дар Ҳироти Афғонистон боз ду заминларзаи сахт рух дод. Таконҳои замин дар 100-километрии маркази ин шаҳр ба қайд гирифта шуданд. Иқтидори заминларзаи аввалро Маркази аврупоии зилзилашиносии Баҳри Миёназаминон 6,3 балл ва қувваи такони дуюмро баъди 12 дақиқа – 5,2 балл арзёбӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, Маркази зилзилашиносии Амрико шиддати ин заминларзаро […]

Субҳи рӯзи 11 октябр дар Ҳироти Афғонистон боз ду заминларзаи сахт рух дод. Таконҳои замин дар 100-километрии маркази ин шаҳр ба қайд гирифта шуданд.

Иқтидори заминларзаи аввалро Маркази аврупоии зилзилашиносии Баҳри Миёназаминон 6,3 балл ва қувваи такони дуюмро баъди 12 дақиқа – 5,2 балл арзёбӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Маркази зилзилашиносии Амрико шиддати ин заминларзаро 6,3 дараҷа эълом кардааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, маркази заминларза дар 28 километр дуртар аз шаҳри Ҳирот буда, дар умқи 10 километр рух додааст.

Дар бораи талафоти эҳтимолӣ ва хисорот бар асарир ин заминларза то ҳол иттилоъе нест.

Ёдрас мекунем, ки заминларзаҳои пешин бо ҳамин иқтидор дар 40-километрии шимолу ғарби Ҳирот рӯзи 7 октябр рух дода, пас аз он боз якчанд такони қуввааш аз 4,3 то 6,3 балл ба қайд гирифта шуд.

Қобили зикр аст, ки бар асари заминларзаи рӯзи 7 октябр зиёда аз 9 ҳазор нафар захм бардошта, беш аз 2 ҳазор нафари дигар ҷон бохтаанд ва 1 ҳазору 300 хона вайрон шуда ё зарар дидааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот, ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба мардуми Афғонистон баён кард.

“Мардуми Тоҷикистон аз заминларзаҳои шадид дар Афғонистон, ки боиси марги зиёди одамон ва харобиҳо гардид, сахт андӯҳгин буда, дар қалбҳои худ ҳамдардии амиқ эҳсос мекунад. Дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст”, – навишта буд сомонаи ВКХ-и Тоҷикистон.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз карда, ба осебдидагони заминларзаҳо шифои комил хост.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.