«Ҳизбуллоҳ” чист ва мушакҳо аз Лубнон чӣ хатар доранд?

Ҳоло, ки артиши Исроил бо ҷангиёни ҳаракати фаластинии “Ҳамос” дар ҷануби кишвар ҷанг мекунад, гурӯҳи шиаёни Лубнон – “Ҳизбуллоҳ” фронти дуюмро боз намуда, тариқи миномёт ноҳияҳои шимоли Исроилро тирборон карданд. Рӯзи 8 октябр ҳаракати лубнонии “Ҳизбуллоҳ” масъулияти тирборони мавқеъҳои артиши Исроилро ба дӯши худ гирифт. Дар гурӯҳ аз ҳамраъйӣ бо Ҳамос изҳори назар карданд. Изҳор […]

Ҳоло, ки артиши Исроил бо ҷангиёни ҳаракати фаластинии “Ҳамос” дар ҷануби кишвар ҷанг мекунад, гурӯҳи шиаёни Лубнон – “Ҳизбуллоҳ” фронти дуюмро боз намуда, тариқи миномёт ноҳияҳои шимоли Исроилро тирборон карданд.

Рӯзи 8 октябр ҳаракати лубнонии “Ҳизбуллоҳ” масъулияти тирборони мавқеъҳои артиши Исроилро ба дӯши худ гирифт. Дар гурӯҳ аз ҳамраъйӣ бо Ҳамос изҳори назар карданд. Изҳор шуд, ки амали Ҳамос огаҳиест барои ҳама барои муътадил кардани муносибат бо ин кишвар. Дар ҳаракат илова намудаанд, ки дар робита ба вазъияти ҳозира бо фаластинҳо дар тамосанд.

Роҳбари Шӯрои иҷроияи Ҳизбуллоҳ Ҳошим Сафӣ ад-Дин таҳдид кардааст, ки ба амалиёти Ҳамос “ҳамаи мардуми мусалмон”-ро ҳамроҳ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ин дар сурате амалӣ хоҳад шуд, ки агар ИМА ва Исроил “дар аблаҳии худ пофишорӣ кунанд, менависад Интерфакс.

Артиши дифои Исроил дар бораи талафот аз тирборон хабар надод. Дар он ҷо зикр карданд, ки дар посух низомиёни Исроил ба “зерсохтори Ҳизбуллоҳ” зарба задаанд.

Пас, “Ҳизбуллоҳ” чист, ки дахолаташ метавонад вазъро ба куллӣ тағйир диҳад ва ҷангро минтақавӣ кунад? Тафсилот дар маводи MASH.

“Ҳизбуллоҳ” чист?

Номи “Ҳизбуллоҳ” – “Ҳизби Оллоҳ” тарҷума мешавад. Ин ҳамзамон ҳаракати ҳам низомӣ ва ҳам сиёсӣ дар Лубнон мебошад.

Ҳаракат шиаёнро, ки хоҳиши дар Лубнон роҳандозӣ намудани сохти исломиро ба мисли Эрон доранд, муттаҳид мекунад. Қобили зикр аст, ки Лубнон бо шимоли Исроил ҳамсарҳад аст.

Дар омади гап, Эрон созанда ва сарпарасти асосии “Ҳизбуллоҳ” мебошад.

Ҷангиён дар урдугоҳҳои Эрон машқ карда, бо аслиҳаи эронӣ муҷаҳҳаз мешаванд.

Эрону Исроил сари чӣ мувофиқ нестанд?

Агар мухтасар гӯем, пас сари таъсир дар минтақа. Эрон аз нигоҳи идеологӣ ва тамаддунӣ барои Исроил таҳдидовар аст. Илова бар ин, вай инчунин кӯшиш мекунад, ки силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ) созад. Таҷрибаи муваффақи сохтани он тавозуни неруҳоро дар минтақа тағйир медиҳад ва Исроил дигар аз доштани қудрати ҳастаии худ бо амният таъмин нахоҳад шуд.

“Ҳизбуллоҳ” чӣ?

“Ҳизбуллоҳ” ба Исроил хусумати хосса дорад. Артиши он замоне бахшҳое аз зодгоҳи ин созмон – Лубнонро ишғол карда буд.

Ҳизбуллоҳ беш аз 150 ҳазор системаҳои гуногуни ҷангӣ, аз ҷумла системаи мушакии оташфишон (РСЗО), мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ихтиёр дорад. Илова бар ин, ҷангиёни ин созмон дар набардҳо бо артиши пешқадами ғарбӣ, аз ҷумла артиши Амрико, таҷриба андӯхтаанд.

Агар онхо аз шимоли Исроил ба ҷанг дохил шаванд, миқьёси ҷанг ба таври фалокатбор тағйир меёбад.

То Байтулмуқаддас?

Лекин агар Эрон бевосита дахолат кунад, низоъ воқеан фалокатбор хоҳад шуд.

Ва Теҳрон барои пирӯзӣ бар Исроил ҳазорон сабабу ангезаҳо дорад.

Аз куштори аршади физикҳои маъруфи эронӣ дар соҳаи силоҳи ҳастаӣ то аз байн бурдани иншооти комплекси саноатӣ-ҳарбӣ дар қаламрави Эрон.

Ҳоло фаъолияти “Ҳизбуллоҳ” маҳдуд аст. Ва он дар сатҳи тирборони алоҳидаи қаламравҳои яҳудӣ ва изҳороти пурсарусадо амал мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.