Дастури Рустами Эмомалӣ дар бораи гузариши пурра ба нақлиёти барқӣ ва бунёди нуқтаҳои барқгирӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки 10-уми октябр баргузор шуд, ба рафти амалишавии “Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2023-2028 таваҷҷуҳ карда, гуфтааст, ки дар ин самт чораҳо андешида шавад. Раиси шаҳри Душанбе гуфтааст, баҳри таъмини босифат ва саривақтии барномаи зикршуда дар шаҳри Душанбе, […]

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки 10-уми октябр баргузор шуд, ба рафти амалишавии “Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2023-2028 таваҷҷуҳ карда, гуфтааст, ки дар ин самт чораҳо андешида шавад.

Раиси шаҳри Душанбе гуфтааст, баҳри таъмини босифат ва саривақтии барномаи зикршуда дар шаҳри Душанбе, беҳтар намудани хизматрасонии ширкатҳои кироякаши таксӣ, пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаронидани паркҳои нақлиётии ширкатҳо, бунёд намудани нуқтаҳои барқгирӣ ва дигар масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 4350 кироякаш фаъолият мекунанд. Аз ин теъдод 751 адади он нақлиёти барқӣ мебошад. Дар доираи амалигардонии “Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2023-2028 кироякашҳое, ки тавассути сӯзишворӣ ҳаракат мекунанд, марҳила ба марҳила аз парки ширкатҳои кироякаш хориҷ карда мешаванд.

Барномаи мазкур 31-уми октябри соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 20-уми августи соли равон зимни сафари раиси шаҳри Душанбе ба Чин байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гуруҳ”-и Тоҷикистон ва ширкати “Джинчуен”-и Ёддошти тафоҳум дар бораи ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол, ба маблағи  25 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Ҳоло маълум нест, ки корхонаи мазкур кай бунёд мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.