Боғи ботаникӣ 90-сола шуд. Дар ин боғ аз тамоми гӯшаи ҷаҳон растаниҳо гирд оварда шудаанд

Анна Мифтахова, Asia-Plus

Боғи ботаникии пойтахти Тоҷикистон ва ё Боғи Ирам 12-уми октябри соли 1933 ифтитоҳ шудааст. Имрӯз ин боғи 90-сола яке аз гӯшаҳои зебову сертамошобин ва макони дӯстдорони табиат, дилдодагону навхонадорон аст.

Ба ифтихори 90 солагии таъсисёбии ин боғи зебо хабаргузории “Азия-Плюс” бо Фирӯза Зоирова, нафаре, ки дар ин макон 38 сол ин ҷониб кор мекунад, аз тамоми асрори он огоҳ асту ҳар як ниҳоли парваришёфта барояш мисли фарзандаш аст, сӯҳбат орост.

Боғи ботаникии назди Академиям илмҳои Тоҷикистони Шӯравӣ соли 1933 аз ҷониби профессор Борис Федченко, ки дар он солҳо ба бахши ботаникаи пойгоҳи тоҷикистонии Академияи илмҳо роҳбарӣ мекард, ташкил карда шуд. Дар оғоз барои ин боғ 34 гектар замин ҷудо карда шуда буд, имруз майдони он ба 40 гектар расидааст.

Ҳудуди Боғи ботаниктӣ ба 4 бахш тақсим шудааст: шимол, ҷануб, ғарб, шарқ. Аз ин рӯ, имрӯз дар ин ҷо шумо метавонед қариб аз ҳар гӯшаи ҷаҳон растаниҳоро пайдо кунед ва бисёре аз онҳо кайҳо ба Китоби Сурх дохил шудаанд.

Институти ботаника дар ҳудуди боғ воқеъ буда, дар даромадгоҳи он дарахтони азиме комат афрохтаанд, ки аз ҷониби аввалин кормандони он дар миёнаҳои солҳои 30-юми асри гузашта шинонда шудаанд. Инҳо қадимтарин намояндагони олами наботот дар “Боғи Ирам” мебошанд.

Солҳои 60-ум дар ҳудуди боғ барои Институти ботаника гармхонаҳо сохта шуда буданд, ки имрӯз теъдоди онҳо панҷтоанд. Дар сетои онҳо гулу гиёҳҳо ва дутои дигар дарахтони ҳамешасабзу буттаҳо парвариш мешаванд.

Дар солҳои 2010-2011 дар ин ҷо нишастгоҳҳои нави ороишии чӯбӣ пайдо шуданд. Дар як гӯшаи боғ ҳамчунин майдончаи варзишӣ бунёд шудааст, ки барои дӯстдорони варзиш пешбинбӣ шудааст.

“Боғи Ирам”-и муосир

Имсол ба муносибати солгарди Боғи ботаникӣ роҳравҳои он тармим гардида, шиорҳои нав гузошта шуданд ва овезаҳо низ нав гардиданд.

Имрӯз дар боғ зиёда аз 2700 намуди растаниҳо мавҷуд аст.

Вазифаи асосии боғи ботаникӣ аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон гирд овардани растаниҳо, омузиши онҳо ва барои кабудизоркунии шаҳр тавсия намудани навъҳои ояндадор мебошад.

Фирӯза Зоирова яке аз кормандони собиқадори ин боғ аст. Ӯ 38 соли умри худро барои парваришу нигоҳубинӣ растаниҳо дар ин боғ сарф кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳар чизе, ки дар боғ мерӯяд, аз тухмии гармхона парвариш мешавад.

“Ҳоло мо ҷамъоварии тухмиро ба анҷом расонидем. Акнун онҳоро сабзонида, дар гармхона шинондани онҳоро шурӯъ мекунем, то дар фасли баҳор майдонҳои боғро бо растаниҳои нав пурра кунем. Ва ҳамин тавр, ҳар сол идома меёбад”, – мегӯяд Фирӯза Зоирова.

Дар гармхонаҳо намунаҳои тухмӣ, навдаҳо ва ниҳолҳои ҷавон мавҷуданд. Ва дар рафти нашъунамо кори илмӣ — санҷишии нашъунамои тухмӣ гузаронда мешавад.

Ҳамаи дарахтону буттаҳо ва гулҳои ин боғ пайваста нигоҳубин карда мешаванд ва ҳар яки он мавриди назарӣ кормандони боғ аст.

Дар ҳудуди боғ қариб сад нафар корманд кор мекунанд, ки ҳар кадоми онҳо масъулият ва қитъаи худро дорад — инҳо биологҳо, агрономҳо, коркунони хочагӣ мебошанд.

Худи Фирӯза дар гармхона барои растаниҳои хонагӣ кор мекунад. Вай тамоми умр дар шуъбаи гулпарварӣ кор карда, бо кабудизоркунӣ ва муддате ба гирдоварии гулҳои хонагӣ низ машғул шудааст.

Дӯстдорони растаниҳои хонагӣ метавонанд ба боғ омада, растаниҳову гулҳои гирдовардашударо тамошо кунанд ва агар аз кормандони боғ хоҳиш кунанд, онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ин макон намунаҳои нодир ва аз мамлакатҳои дур овардашуда низ ҳастанд.

Замоне раисиҷумҳури кишвар зимни мулоқот бо намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ аз сафирон даъват карда буд, ки дар “Боғи Ирам” ниҳолеро аз кишвари худ шинонанд. Ин таклиф ҷонибдорӣ шудл ва “Боғи Ирам” бо намунаҳои нав ғанӣ гардид.

Имрӯз “Боғи Ирам” як осорхонаи воқеии табиист, ки дар он зиёда аз нисфи растаниҳои дар оғоз шинонидашуда нигоҳ дошта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...