Қирғизистону Русия низоми муштараки дифои ҳавоӣ таъсис медиҳанд. Тоҷикистон чӣ?

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров қонун дар бораи тасдиқи созишнома бо Русия дар бораи таъсиси низоми муттаҳидаи минтақавии дифои зиддиҳавоиро ба имзо расонид, хабар медиҳад Фергана. Дар хадамоти матбуоти зикр кардаанд, ки таъсиси низоми муштараки зиддиҳавоӣ ба таъмини ҳифзи бештар эътимодноки фазои ҳавоии ҳарду кишвар имкон дода, таъмини амнияти манфиатҳои миллиро беҳтар мекунад. "Тасдиқи ин созишнома […]

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров қонун дар бораи тасдиқи созишнома бо Русия дар бораи таъсиси низоми муттаҳидаи минтақавии дифои зиддиҳавоиро ба имзо расонид, хабар медиҳад Фергана.

Дар хадамоти матбуоти зикр кардаанд, ки таъсиси низоми муштараки зиддиҳавоӣ ба таъмини ҳифзи бештар эътимодноки фазои ҳавоии ҳарду кишвар имкон дода, таъмини амнияти манфиатҳои миллиро беҳтар мекунад.

"Тасдиқи ин созишнома ӯҳдадории Қирғизистонро барои таҳкими равобити стратегӣ бо Русия тасдиқд ва ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи мудофиа ва амнияти ду кишвар мусоидат мекунад", – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров созишномаи мазкурро дар рӯзи сафари расмии Владимир Путин ба Қирғизистон ба имзо расонид.

Мувофиқи он, дар давраи амали санад Қирғизистон ба Русия барои ҷойгиркунии неруҳои дифои зиддиҳавоии Русия 5 гектар қитъаи замин ҷудо мекунад.

Тоҷикистон чӣ?

Созишнома дар бораи таъсиси низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро рӯзи 27 апрели соли 2021дар Душанбе  вазирони мудофиаи ҳарду кишвар ба имзо расониданд.

Нимаи моҳи ноябри ҳамон сол созишномаро ҳукумати Русия ва моҳи декабр – парламенти Тоҷикистон маъқул донистанд.

Дар бораи имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ташкили низоми муттаҳидаи дифои зиддиҳавоӣ дар ин маводи мо маълумоти муфасал қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.