Дар Тоҷикистон Китоби сурх бори сеюм нашр мешавад. Чӣ ба он ворид шуда, чӣ хориҷ хоҳад шуд?

Дар Тоҷикистон то охири соли 2023 бори сеюм Китоби сурх нашр мешавад. Ба Китоби сурх дар таҳрири нав 304 намуди растанӣ ва 253 намуди ҳайвоноти нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, дохил карда шуда, баъзе намудҳои наботот ва ҳайвонот, бинобар сабаби пурра нобуд шудани онҳо, аз китоб хориҷ карда мешаванд. Дар ин бора аз […]

Манижа Раҳмонова, махсус барои Asia-Plus

Дар Тоҷикистон то охири соли 2023 бори сеюм Китоби сурх нашр мешавад. Ба Китоби сурх дар таҳрири нав 304 намуди растанӣ ва 253 намуди ҳайвоноти нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, дохил карда шуда, баъзе намудҳои наботот ва ҳайвонот, бинобар сабаби пурра нобуд шудани онҳо, аз китоб хориҷ карда мешаванд.

Дар ин бора аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар доданд.

Оғози соли ҷорӣ Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ба далели аз байн рафтани бархе аз ҳайвонот онҳо аз Китоби сурх хориҷ гардида, бинобар сабаби афзоиши теъдоди дигар, ҳайвоноту набототи нав ба китоб ворид карда мешаванд.

“Баъзе ҳайвонҳо комилан аз байн рафтаанд. Шумораи баъзеи дигар, баръакс, зиёд шудааст. Ният дорем онҳоро аз китоб хориҷ кунем”, – гуфта буд Баҳодур Шерализода.

Холо маълум аст, ки ба нусхаи нави Китоби сурх аз растаниҳо — чор намуди лола, дӯлона, дарахти себи худрӯй, ду навъи нокҳои худрӯй, аз ҳашарот — ду навъи парвонаҳои сарғафс, моҳии сафедчашмаки аралӣ ва сурхбол, панҷ намуди шабпарак дохил карда шудаанд. Аз паррандагон як навъи кабӯтар ва мусича.

Ба сабаби тамоман аз байн рафтан сарварча, касруф, латтахорак ва ширдораки бадахшон низ аз китоб хориҷ карда мешаванд.

Ҳамчунин, дулонаи  сурхак, гули наврӯзӣ, чинораки хоҷамастонӣ ва санглохгиёҳ низ аз Китоби сурх хориҷ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки нашри сеюми Китоби сурх зимни як мизи мудаввар дар Душанбе муҳокима гардидааст, ки дар он олимону коршиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ҳамчунин, донишмандони Русияву Қазоқистон иштирок кардаанд.

“Дар Китоби сурхи нав тамоми маълумоти мавҷуда дар бораи ҳолат, пахншавӣ, ҳолати гурӯҳ, тағйирёбии саршумори хайвонот ва растаниҳои нодир, муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи тадқиқот ва муайян намудани роҳҳои асосии ҳифз ва такрористеҳсолкунии онҳо оварда шудааст”, – зикр мегардад дар иттилоияи Кумита.

Ёдовар мешавем, ки аввалин Китоби сурх, ки ба олами набототу хайвоноти Тоҷикистони шӯравӣ бахшида шудааст, соли 1988 аз чоп баромад. Дар он 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои ворид шуда буданд. 15 октябри соли 2015 нашри дуюми Китоби сурх аз чоп баромад. Он 267 намуди растанӣ ва 222 намуди ҳайвонотро дар бар мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.