Ҷанги Ҳамосу Исроил доман паҳн мекунад? Расонаҳо аз ҳамла ба фурудгоҳҳои Сурия хабар медиҳанд

Расонаҳои давлатии Сурия хабар доданд, ки ба бузургтарин фурудгоҳҳои ин кишвар дар шаҳрҳои Димишқ ва Ҳалаб ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифтааст. Манбаъҳои низомии расонаҳо гуфтаанд, зарбаҳо ба фурудгоҳҳои Сурияро неруҳои ҳавоии Исроил анҷом дода, дар натиҷа хатти парвозҳо дар ҳар ду фурудгоҳ осеб дидаанд. Фаъолияти ҳар ду фурудгоҳ қатъ шудааст. Димишқи расмӣ дар робита ба ин […]

Расонаҳои давлатии Сурия хабар доданд, ки ба бузургтарин фурудгоҳҳои ин кишвар дар шаҳрҳои Димишқ ва Ҳалаб ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифтааст.

Манбаъҳои низомии расонаҳо гуфтаанд, зарбаҳо ба фурудгоҳҳои Сурияро неруҳои ҳавоии Исроил анҷом дода, дар натиҷа хатти парвозҳо дар ҳар ду фурудгоҳ осеб дидаанд. Фаъолияти ҳар ду фурудгоҳ қатъ шудааст.

Димишқи расмӣ дар робита ба ин хабарҳо то ҳол изҳорот надодааст. Агар ин хабар тасдиқ шавад, сухан аз нахустин зарбаҳои Исроил ба Сурия баъд аз ҳамлаи гуруҳи фаластинии “Ҳамос” ба Исроил меравад.

Мақомоти Сурия, ки бо Исроил созишномаи сулҳ набастаанд, аз ҳамла ҷонибдорӣ карда буданд.

Рӯзи 7-уми октябр ва баъди ҳамлаи ҳаракати Ҳамос ба Исроил, миёни ду тараф даргирӣ сар шуд. Дар ин ҷанг, ки панҷ рӯз аст идома дорад, аз ду тараф беш аз 2 ҳазор нафар кушта ва садҳо нафар маҷруҳ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.