Тоҷикистону Чин дар 2 сол на камтар аз 1 маротиба машқи зиддитеррористӣ мегузаронанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон созишнома бо ҳукумати Чинро дар бораи баргузории машқҳои муштараки зиддитеррористӣ барои тасдиқ ба парлумон ирсол намуд.

Санад 27 сентябри соли равон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда, 18 майи ҳамин сол дар шаҳри Сиан аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар сатҳи олӣ ба имзо расонида шуд.

“Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангии мақомоти роҳбарикунанда дар идораи воҳидҳои махсуси зиддитеррористӣ, сатҳи ҳамкорӣ байни воҳидҳои махсуси зиддитеррористӣ, инчунин сатҳи тайёрӣ ва малакаи амалии тактикии воҳидҳои махсуси зиддитеррористии Тоҷикистону Чин мебошад”, – омадааст дар матни санад, ки имрӯз, 13 октябр дар портали иттилоти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст.

Гуфта мешавад, қарор дар бораи гузаронидани тамринҳо аз ҷониби Тарафҳо дар асоси ризоияти (консенсуси) дуҷониба қабул гардида, Тарафи қабулкунанда тибқи тартиби бо навбат гузаронидани тамринҳо муайян карда мешавад.

Дар санад таъкид мешавад, ки тарафҳо на камтар аз 1 маротиба дар 2 сол тамринҳоро баргузор мекунанд.

“Тарафи ташаббускор на дертар аз шаш моҳ пеш аз ољози тамринҳо Тарафи дигарро дар бораи пешниҳоди гузаронидани тамринҳо огоҳ мекунад. Муҳлат, макон, мавзуъ, тартиб ва масъалаҳои дигари баргузории тамринҳо байни Тарафҳо мувофиқа карда мешаванд”, – зикр мегардад дар созишнома.

Тарафҳо хароҷоти вобаста ба иҷрои Созишномаро мустақилона ба уҳда мегиранд, агар дар ҳар як ҳолати мушаххас тартиби дигаре мувофиқа нагардида бошад.

“Тарафҳо аз пешниҳоди иддао ба зараре, ки иштирокчиёни тамринҳои як Тараф ба иштирокчиёни тамринҳои Тарафи дигар ҳангоми аз ҷониби онҳо иҷро гаштани вазифаҳои хизматиашон расонида шудааст, даст мекашанд”, – зикр мешавад дар Созишнома.

Созишномаи мазкур дар рӯзи 30-юм пас аз рӯзи ирсол намудани ёддошти охирин эътибор пайдо мекунад ва барои панҷ сол баста мешавад.

Агар се моҳ пеш аз ба итмом расидани муҳлати амали Созишномаи мазкур ягон Тараф ба Тарафи дигар дар бораи қатъи амали Созишномаи мазкур огоҳиномаи хаттӣ нафиристад, пас амали Созишномаи мазкур худ аз худ ба муддати панҷ сол тамдид карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...