Ҷаримаи чанд сокини Душанбе барои истифодаи ғайриқонунии барқ

Гуруҳи корие, ки аз намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор таъсис ёфта, ҳамарӯза истифодаи дурусти нерӯи барқ дар Душанберо месанҷад, чанд сокини пойтахтро барои бе ҳисобкунак ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ ҷарима кардааст. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки давоми чанд рӯзи фаъолияти ин гуруҳи корӣ чандин ҳолати ғайриқонунии […]

Гуруҳи корие, ки аз намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор таъсис ёфта, ҳамарӯза истифодаи дурусти нерӯи барқ дар Душанберо месанҷад, чанд сокини пойтахтро барои бе ҳисобкунак ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ ҷарима кардааст.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки давоми чанд рӯзи фаъолияти ин гуруҳи корӣ чандин ҳолати ғайриқонунии истифодаи барқ ошкор шудааст.

Аз ҷумла, ба иттилои ин ниҳод, дар чанд рӯз чандин нафар барои бе ҳисобкунак истифода кардани нерӯи барқ ҷарима карда шудааст.

Дар робита ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода намуда, бо саривақт пардохт намудани маблағи истифодаи он ва пешгирии ҳолатҳои берун аз ҳисобкунак истифодабарии нерӯи барқ дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар саҳми худро гузоранд.

Бояд гуфт, ки талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилҳои умдаи бахши энергетика дониста мешавад. Ин мушкил аз ҷониби раиси ҷумҳури кишвар низ интиқод шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 декабри соли 2022 дар паёми ахири худ гуфта буд, ки кишвар панҷяки нерӯи тавлидшударо аз даст медиҳад ва талафоти фаннии нерӯи барқ ​​ба вазъи молии ширкату корхонаҳои ин бахш таъсири манфӣ мерасонад.

Тибқи маълумоти корхонаҳои энергетикии кишвар, ҳаҷми умумии талафот (ҳангоми тавлид, интиқол ва тақсими он) дар нимсолаи аввали соли 2023 каме бештар аз 2 миллиарду 415 миллион киловатт-соатро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 10 миллиарду 653,3 миллион кВт/соат нерӯи барқ ​​тавлид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 341,2 миллион кВт/соат бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.