Дар мулоқоти Раҳмон ва Жапаров ба масоили марзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Бишкек президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд. Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти […]

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Бишкек президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти густариши минбаъдаи робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории халқҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро таъкид намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни музокирот ба масъалаҳои муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тавофуқҳое, ки чанде пеш дар ин самт ҳосил шуда буданд, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.

Сарони давлатҳо фаъолияти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро мусбат арзёбӣ намуда, ба фаъолсозии минбаъдаи кор изҳори ҷонибдорӣ намуданд.

Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ, ки ба таври анъанавӣ ба рушди тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба такон мебахшад, идома дода шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.