Маркази тибби Оқохон дар Хоруғ баста шудани беморхонаро рад кард

Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ бо нашри як изҳороти кӯтоҳ баста шудани беморхонаро расман рад кард. Дар ҳоле, ки тӯли чанд вақт мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари баста шудани Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ паҳн гардидаааст. Маркази тиббии Оқохон дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи фейсбук навишт: “Ба маълумоти шумо мерасонем, ки Маркази тиббии […]

Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ бо нашри як изҳороти кӯтоҳ баста шудани беморхонаро расман рад кард.

Дар ҳоле, ки тӯли чанд вақт мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари баста шудани Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ паҳн гардидаааст.

Маркази тиббии Оқохон дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи фейсбук навишт: “Ба маълумоти шумо мерасонем, ки Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ боз аст ва ба таври мӯътадил кор мекунад”.

Дар ин изҳорот ҳамчунин зикр мегардад, ки “масъалаи ҳуқуқӣ бо мақомоти дахлдор барасӣ мешавад”.

Вале дақиқ гуфта нашудааст, ки кадом масъалаҳои ҳуқуқӣ дар ҳоли баррасӣ аст ва сарчашмаи хабарҳои носаҳеҳ чист.

Кӯшишҳои мо ҳам барои дастрас кардани назари расмии Маркази тиббии Оқохон бесамар анҷомид.

Бояд гуфт, ки қаблан литсейи Оқохон дар Хоруғ ба далели “мушкилоти ошкоршуда дар барномаи таълимӣ ва мутобиқат накардан ба стандартҳои таълимӣ” давлатӣ карда шуда буд.

Пештар аз ин Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд, ки литсей ягона муассисаи зертобеи шабакаи Оқохон нест, ки давлатӣ карда мешавад. Қаблан Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Додситонии ВМКБ аз онҳо тақозо кардааст, то сертификати ҳуқуқи истифодаи замини Донишгоҳи Осиёи Миёна беэътибор дониста шуда, замин ба ҳукумати шаҳри Хоруғ баргардонда шавад.

Гуфта мешавад, ки замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ охири солҳои 90-ум аз сӯи Шабакаи Оқохон харидорӣ шуда, соли 2000-ум донишгоҳ таъсис ёфтааст.

Ҳамчунин, меҳмонхонаи “Серена”, вобаста ба Шабакаи Оқохон (AKFED), дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ва Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғро, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буданд низ ба моликияти давлат табдил ёфтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.