Фирор аз нозири роҳ дар Мастчоҳ. Ронандаи муттаҳам боздошт шуд

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Соҳиб Давлатзода, ронандае, ки ба талаби корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Масчоҳ итоат накарда, сабабгори осеб бардоштани ӯ гаштааст, боздошт шудааст.

Дар ин бора Ҷаҳонгир Ҳакимзода, масъули дафтари матуботи Шӯъбаи БДА дар вилояти Суғд ба “Asia-Plus” иттилоъ дод.

Бояд гуфт, ки чанде пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он корманди БДА-ро дар рӯйи замин хобида ва бо ҷароҳатҳо мушоҳида кардан мумкин буд. Баъзе аз корбарон навиштанд, ки корманди БДА аз ҷониби ронанда латукӯб шудааст.

Аммо воқеаро Ҷаҳонгир Ҳакимзода ба таври дигар нақл кард. Ӯ гуфт, ки ҳодиса 16-уми ояктбр, тахминан соати 10:20 дақиқа, дар назди “Ҷумъабозор”-и ҷамоати Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ рух додааст.

“Мо санаи 16-уми окятбр дар ҷойи ҳодиса будем. Маълум шуд, ки ронандаи мошини “Hyundai   Solaris” Соҳиб Давлатзода баъди вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ба талаби корманди БДА, сержанти милитсия Фаррух Ҳамзазода итоат накарда, аз пешниҳоди шаҳодатномаи ронандагӣ саркашӣ мекунад ва бо суръати баланд аз ҷойи ҳодиса фирор менамояд”, – гуфт Ҷаҳонгир Ҳакимзода.

Ба қавли Ҳакимзода, ронандаи боздоштшуда зикр кардааст, ки “корманди БДА дари мошинашро дошта буд ва ӯ чӣ гуна ба замин афтод нафаҳмидааст”.

“Баъди ин ҳодиса Соҳиб Давлатзода нақлиёташро дар ҳудуди ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан гузошта, худ ғайб мезанад. Аммо бо эълони амалиёти боздошт, кормандони милитсия тавонистанд ронандаи фирориро дар зудтарин фурсад боздошт кунанд”, – таъкид кард Ҷаҳонгир Ҳакимзода.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол барои оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати Соҳиб Давлатзода чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ҳодисаи итоат накардан ба талаби корманди БДА ва осеб расонидан ба ӯ давоми ду ҳафтаи охир аст. Қаблан, 7-уми октябр, низ дар ноҳияи Хуросон ронандае бо суръати баланд корманди БДА-ро зада буд. Ин ронанда низ дар наздиктарин фурсат боздошт гардид. Корманди БДА ҷон ба саломат бурдааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...