Бидуни ҳуқуқи таъмиру фурӯш. Неругоҳи “Сангтӯда-1” ба кораш идома медиҳад

Asia-Plus

Ба ҶСК “НБО Сангтӯда-1” пас аз таваққуфи панҷмоҳа ҷиҳати истеҳсол, интиқол ва тақсими барқ иҷоза доданд. Муҳлати иҷозатнома барои баргузории ин корҳо рӯзи 15 майи соли ҷорӣ ба охир расид.

Дар посухи хаттии Директори генералии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” Александр Шевнин ба дархости “Азия-Плюс” гуфта мешавад, масъалаи гирифтани иҷозатнома танҳо пас аз вохӯрии ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иҷтисодии ҳарду кишвар – муовини сарвази Русия Марат Ҳсунуллин ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи Форуми байнулмилалии сармоягузорӣ рӯзи 30 сентябр дар Душанбе ҳаллу фасл шуд.

“Зимни вохӯрӣ ҷониби Русия изҳор дошт, ки  дар сурати минбаъд ба дарозо кашидани масъалаи додани иҷозатнома бо сабабҳои беасос, неругоҳ маҷбур мешавад, ки корашро қатъ кунад, то ки қонунгузории ҷумҳуриро вайрон накунад”, – зикр мекунад Шевнин.

Ӯ таъкид доштааст, ки рӯзи 6 октябр Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ҷиҳати анҷом додани фаъолият барои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ иҷозатнома дод.

Ба гуфтаи директори генералии Ҷамъият, ба туфайли мудирият (менеҷмент) ва саҳмиядорон, мавҷуд набудани иҷозатнома ба кори неругоҳ ва истеҳсоли барқ таъсир накард.

“Неругоҳи “Сангтӯда-1” корхонаи масъул аст ва вазифаи мо дар навбати аввал таъмини устувор ва мунтазам истеъмолгарони Тоҷикистон бо барқ аст”, – навишта шудааст дар посух.

Шевнин таъкид месозад, ки тибқи қонунгузорӣ, фаъолият тибқи иҷозатнома бидуни иҷозаҳои адахлдор амалӣ шуда наметавонад.

“Ин ҳолат ба аз кор мондани неругоҳ боис мегардид, аммо роҳбарият таваккал карда, ба идомаи кор тасмим гирифт, зеро медонист, ки боздоштани кори неругоҳ ба зиёд шудани камбуди барқ дар низоми энергетикии Тоҷикистон оварда расонида, дар натиҷа истеъмолгарон осеб мебинанд”, – навиштааст ӯ.

Роҳбари неругоҳи “Сангтӯда-1” таъкид мекунад, ки “тӯл кашидани додани иҷозатнома ба ягон номутобиқатии техникӣ вобаста набуд”.

Ҳамчунин аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии Ҳусунуллин ва Расулзода масъалаи тасдиқи тариф ба интиқоли барқи неругоҳи “Сангтӯда-1” ба ширкати “Барқи тоҷик” дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ низ ҳал шуд.

“Созишнома бо ҶСК “Барқи тоҷик” то охири соли ҷорӣ ҳарчанд саривақт набошад ҳам, ба ҳар ҳол ба имзо расид”, – зикр мекунад Шевнин.

Аммо, таъкид мекунад ӯ, “акнун масъалаи рӯзмарра – тасдиқи тарифҳо барои соли оянда аст”.

Бидуни ҳуқуқи таъмир ва фурӯши барқ

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Шевнин, масъалаи иҷозатномаи фаъолият оид ба насбу васл ва таъмири иншооти энергетикӣ ва таҷҳизот то ҳол ҳал нашудааст.

“Дархост барои дароз кардани муҳлати иҷозатнома аз моҳи октябри соли 2022 мавиди баррасии Вазорати энергетика қарор дорад. Барои ба ин қадр тӯлонӣ баррасӣ шудани дархост мо асосҳои қонунӣ намебинем”, – гуфтааст вай.

Ғайр аз ин, мутобиқи қарордодҳои имзошуда бо ҳукумати Тоҷикистон, ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ба фурӯши барқи истеҳсолкардааш, аз ҷума ба хориҷа ҳуқуқ дорад. Лекин сохторҳои энергетикӣ амалан ба Ҷамъият имкон намедиҳанд, ки ин корро кунад.

Шевнин менависад, ки масоили мазкур борҳо дар сатҳҳои гуногун ба миён гузошта шуданд, аммо “Ҷамъият маҷбур аст, ки ба зиёни худ, манфиат ва ҳуқуқҳои сармоягузорон бо ягона харидори барқи истеҳсолшуда – ширкати “Барқи тоҷик” кор кунад.

Сабабҳои тӯл кашидани додани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавиро директори генералии неругоҳ маслиҳат дод, ки аз Вазорати энергетика пурсем.

Роҳбари Вазорати энергетика Далер Ҷумъа рӯзи 31 июл ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буд, ки масъалаи тамдиди иҷозатномаи неругоҳи “Сангтӯда-1” дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Лекин дар бораи сабабҳои боздоштан, инчунин кай ба Ҷамъият додани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ чизе нагуфта буд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт.

Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Агрегати аввали нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 ба кор дароварда шуд. Маросими ботантанаи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 4 агрегати неругоҳ 31 июли соли 2009 баргузор шуд.

Неругоҳи “Сангтӯда-1” дар қатори неругоҳҳои Норак (3000 Мвт) ва Бойғозӣ (600 Мвт) бо иқтидори 670 Мвт ба сегонаи неругоҳҳои бузурги барқи обии бузургтарини Тоҷикистон шомил аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...