Кирдори домуллое, ки майитро “бенамоз” гуфт, таҳқиқ мешавад

Абдуқаҳҳор Мирзоев ё маъруф ба “Домулло Абдуқаҳҳор”, ки гуфта мешуд, дар намози ҷаноза наздикони майитро таҳқир кардааст, имомхатиб ё имоми ягон масҷиди ҷомеъ ё панҷвақтаи кишвар набудааст ва ҳоло аъмоли ӯ аз сӯи мақомоти дахлдор санҷида мешавад. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Тоҷикистон бо пахши як изҳорот хабар дод. […]

Asia-Plus

Абдуқаҳҳор Мирзоев ё маъруф ба “Домулло Абдуқаҳҳор”, ки гуфта мешуд, дар намози ҷаноза наздикони майитро таҳқир кардааст, имомхатиб ё имоми ягон масҷиди ҷомеъ ё панҷвақтаи кишвар набудааст ва ҳоло аъмоли ӯ аз сӯи мақомоти дахлдор санҷида мешавад.

Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Тоҷикистон бо пахши як изҳорот хабар дод.

Субҳи дирӯз, 18-уми октябр, Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигори тоҷик бо нашри як акс навишт, ки шахсе бо номи домулло Абдуқаҳҳор дар намози ҷанозаи як духтар наздикони ӯро таҳқир кардааст, ки ӯ намозхон набуд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Тоҷикистон гуфтааст, бо вуҷуди он ки ӯ дар ягон масҷид имомхатиб ё имом набуд, рӯзи 17-уми октябр номбурда дар деҳаи Турдибобои шаҳри Ҳисор намози ҷанозаро имоматӣ кардааст.

“Дар ҳоле ки тибқи қарори Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳиятро имоми масҷиди панҷвақтаи деҳа дорад. Имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи мазкур Аминов Неъматулло мебошад”, – омадааст дар изҳороти ин ниҳод.

Онҳо гуфтаанд, эҳтимоли паст задани шаъну шарафи соҳибони майит аз сӯйи Мирзоев Абдуқаҳҳор аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷида мешавад.

Ҳодисаи таҳқири соҳибони маърака, аз ҷумла тую маросими дафн аз сӯи диндорон дар соли равон ҳадди ақал ҳодисаи дуввум аст. Чанде пештар ҳам як рӯҳонӣ аз ноҳияи Кӯшониён дар туйи бародарзодааш монеи рақсу суруд шуда буд.

Дертар мақомот ӯро барои пайравӣ ба равияи дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” ва монеъ шудан ба таҳсили духтараш айбдор ва 6 сол равонаи зиндон карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.