Дар Душанбе масоили коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баррасӣ мешаванд

Пагоҳ, 20 октябр дар Душанбе Конфронси Осиёӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор мешавад. Ташаббускори баргузории конфронси мазкур Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ мебошад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумита хабар доданд, конфронс дар доираи амалисозии тавсияҳои “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030” баргузор мешавад. Гуфта […]

Пагоҳ, 20 октябр дар Душанбе Конфронси Осиёӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор мешавад. Ташаббускори баргузории конфронси мазкур Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ мебошад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумита хабар доданд, конфронс дар доираи амалисозии тавсияҳои “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030” баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар кори конфронс аз иштироки намояндагон 30 кишвари қораи Осиё интизорӣ меравад.

Дар кори конфронс ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, таҳкими системаҳои идоракунии хавфи офатҳо, табодули таҷриба оид ба шакл ва хусусиятҳои офат таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ҳамчунин ташаббусҳои нав ва мунсибати кишварҳои узв ва ташкилотҳои шарик оид ба омодагӣ ба офатҳои душвор мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030” 18 марти соли 2015 дар Конфронси 3-юми ҷаҳонӣ дар Сендай (Ҷопон) қабул шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.