Нишасти дуюми котибони Шӯрои амният ва мушовирони амнияти миллии Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Рӯзи 17-уми октябр дар Қазоқистон ҷаласаи дуюми котибони Шӯрои амният ва мушовирони амнияти миллии Ҳиндустон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабаргузории “Newscentralasia” иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин нишаст Насрулло Маҳмудзода, котиби Шурои амнияти Тоҷикистон ширкат кардааст. Инчунин, дар нишасти мазкур Аҷит Довал, мушовири амнияти миллии Ҳиндустон ва мушовирону котибони амнияти […]

Asia-Plus

Рӯзи 17-уми октябр дар Қазоқистон ҷаласаи дуюми котибони Шӯрои амният ва мушовирони амнияти миллии Ҳиндустон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабаргузории “Newscentralasia” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин нишаст Насрулло Маҳмудзода, котиби Шурои амнияти Тоҷикистон ширкат кардааст. Инчунин, дар нишасти мазкур Аҷит Довал, мушовири амнияти миллии Ҳиндустон ва мушовирону котибони амнияти миллии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, ки Туркманистон дар ин нишаст ҳамчун намоянда иштирок кардааст.

“Зимни ҷаласа масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардидаанд. Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва экологӣ табодули ҳамаҷонибаи афкор доир шуд”, – омадааст дар хабар.

Инчунин, дар нишасти мазкур ҷонибҳо вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба амнияту субот дар минтақаро низ баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Ҳиндустон аз дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, ки барои истифода аз бандари Чобаҳор барои тиҷорати баҳрӣ дар долони байналмилалии ҳамлу нақли Шимолу Ҷануб (INSTC) шомил шуда, истифода баранд. Ҳоло гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон ва Туркманистон омодаи пайвастан ба INSTC ҳастанд.

Дар ҷараёни мулоқот Ҳиндустон пешниҳод карда, ки Форуми замини нодири Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад, ки ҳадафаш таҳкими шарикӣ дар соҳаи унсурҳои нодири замин ва маъданҳои стратегӣ мебошад. Чунин ҳамкорӣ метавонад, ба манфиати тарафайн бошад.

Дар ин ҷаласа тасмим гирифта шудааст, ки нишасти сеюми мушовирони амнияти миллии котибони Шӯрои амнияти Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дар соли 2024 дар Қирғизистон баргузор гардад.

Ёдовар мешавем, ки Мулоқоти котибони Шӯрои амнияти давлатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон бори аввал соли 2022 баргузор гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.