Намояндаи Тоҷикистон ба Гран-прии озмуни «Super Model International-2023» соҳиб шуд

Модели тоҷик Марям Шарапова дар озмуни моделҳо дар фестивали Beauty International 2023, ки рӯзҳои 7-14 октябр дар киштии Astoria Grande доир гардид, беҳтарин дониста шуд. Дар фестивал тарроҳони маъруф, ҳунармандон ва кормандони варзидаи соҳаи мӯд, инчунин моделҳо аз кишварҳои гуногун ширкат варзиданд. Дар тӯли 7 рӯз, ба ҷуз аз барномаи пурмуҳтавои фароғатӣ, ки аз ҷониби […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Модели тоҷик Марям Шарапова дар озмуни моделҳо дар фестивали Beauty International 2023, ки рӯзҳои 7-14 октябр дар киштии Astoria Grande доир гардид, беҳтарин дониста шуд. Дар фестивал тарроҳони маъруф, ҳунармандон ва кормандони варзидаи соҳаи мӯд, инчунин моделҳо аз кишварҳои гуногун ширкат варзиданд.

Дар тӯли 7 рӯз, ба ҷуз аз барномаи пурмуҳтавои фароғатӣ, ки аз ҷониби дастаи Astoria Grande омода шуда буд, меҳмонон дар ҷашнвораи зебоӣ, муд ва истеъдод ширкат карданд, ки дар он ҳам соҳибкасбон ва ҳам ҳаваскорон ширкат доштанд.

Киштӣ бо хатсайри Сочи-Истанбул-Амасра-Орду-Трабзон-Сочи раҳ паймуд. Финали ҷашнвора дар Истанбул баргузор шуд.

Маҷмӯаҳои худро дар озмнуи зеобӣ узви Иттифоқи эҷодии рассмони Русия ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рассомони рус дар Париж Вера Черепова, узви Ассотсиатсияи тарроҳони Аврупо ва Русия, ғолиби озмунҳои байнулмилалӣ Светлана Топалова муаррифӣ намуданд.

Дар ҳайати ҳакамон тарроҳ Маруся Зайтсева, набераи рассоми маъруф ва моделйер Вячеслав Зайтсев шомил буд.

“Сайёҳон дархост намуданд, ки чаканамро ба онҳо фурӯшам”

Ба гуфтаи Марям, барои иштирок дар фестивал ӯро ноиби президенти ширкати «World Beauty» Олга Абсалямова даъват кардааст.

Дар доираи фестивал чорабиниҳои зерин баргузор шуданд:   

– Озмуни зебоии «MISS INTERNATIONAL-2023»;

– Озмуни моделҳои «SUPER MODEL INTERNATIONAL-2023»;

– Озмуни тарроҳони «BEST DESIGNER INTERNATIONAL-2023»;

– Озмуни истеъдодҳои «BEST TALENT INTERNATIONAL-2023».

Марям ба Гран-Прӣ (Шоҳҷоиза)-и озмуни моделҳои «SUPER MODEL INTERNATIONAL-2023», гувоҳномаи мукофоти пулӣ сазовор дониста шуда, инчунин ба озмуни «Мисс Вселенная» даъватнома гирифт.

Дар Beauty International-2023 Марям маҷмӯи сарулибоси тарроҳи маъруфи тоҷик Умед Кучкалиев ва зебу ороишоти Қасри арӯсони “Шоира-Люкс”-ро муаррифӣ кард.

“Маро тарроҳ Умед Кучкалиев ва роҳбари империяи Шоира Люкс дастгирӣ карданд. Мехоҳам, ки маҳз тарроҳони мӯди худамон дар ин самт дастгирӣ шаванд, – мегӯяд Марям Шарапова. – Барои заҳмат ва кӯшишҳои онҳо изҳори миннатдорӣ мекунам”.

Ба ҷуз сарулибоси тоҷикона, ӯ ҳамчунин маҷмӯаи испании «Sevillе»-ро дар озмуни тарроҳони «BEST DESIGNER INTERNATIONAL-2023» муаррифӣ намуд.

Бахусус куртаи маъруфи чакани тоҷикӣ ба ӯ ва иштиокчииёни фестивал таассуроти амиқ боқӣ гузошт.

“Ростӣ, ман дар ин начандон чизе мефаҳмидам, лекин замоне, ки ҳатто аз мардон ё ҳайати ҳакамон таърифу ситоишҳо шунидам, ба ваҷд омадам! Ҳатто сайёҳон бо ман аксбардорӣ намуда, дархост мекарданд, ки чаканро ба онҳо фурӯшам”, – мегӯяд Марям.

Тавре ки Марям зикр мекунад, “ҳар як ғалаба барои ӯ дарҳои дигарро ба имкониятҳои нав боз мекунад”.

“Он инчунин ба ман имкон медиҳад, ки имконоти худро дар ҷаҳони мӯд, ҳунар ва зебоӣ кашф кунам. Зебоӣ ва услуби ман бешубҳа хушнудӣ эҳдо карда, ҷаҳонро илҳом мебахшад! Ғолибият дар озмуни зебоӣ матонат, эътимод ва омодагии манро барои дурахш бо ҷаззобиям нишон медиҳад. Ман аз дастоварди худ ифтихор мекунам ва бо ҳузур ва наҷобати худ ба ҷаҳониён илҳом мебахшам.

Аз он шодам, ки бо дигар одамони боистеъдод ва илҳомбахш ба мисли Умед Кучкалиев ва Шоира Люкс як чизи воқеан нотакрор эҷод кунам. Ҳамкорӣ ба мо кӯмак мекунад, ки уфуқҳои навро кушоем ва ғояҳои беназирро амалӣ созем”, – илова мекунад Марям.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.