“Шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат надоштанд”. Тафсилоти муноқишаи муҳоҷирон дар Тотористон

Asia-Plus

Муҳоҷироне, ки дар таваққуфгоҳи назди амбори байниминтақавии ширкати “Ozon” дар Зеленодолски Тотористон ҷанг карданд, шаҳрвандони Қазоқистон ва Туркманистон будаанд ва ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар ин муноқиша ширкат надоштааст. Дар ин бора аз Созмони ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти Тотористон дар пайи ин муноқиша 9 нафар  – 4 шаҳрванди Қазоқистон ва 5 шаҳрванди Туркманистонро боздошт кардаанд.

“Дар ин муноқиша ягон нафар шаҳрванди Тоҷикистон иштирок надошт ва хабарҳои дар ин байн паҳншуда асоси воқеӣ надоранд”, – таъкид кард масъули Созмони ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон”.

Қаблан “Реалное Время” иттилоъ дода буд, ки дар таваққуфгоҳи назди амбори байниминтақавии ширкати “Ozon” дар Зеленодолски Тотористон шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон бо ҳам задухӯрд кардаанд.

Ин хабаргузорӣ навишта буд, мақомоти интизомии Тотористон задухӯрди оммавиро муноқишаи байнимиллӣ миёни кормандони ширкати “Ozon” унвон кард.

“Пулиси Тотористон то кунун бештар аз 100 нафар иштирокчиён ва шоҳидони муноқишаи мазкурро бозпурсӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки дар амали иштирокчиёни занозанӣ аломатҳои ҷиноятии авбошӣ (моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия) мушоҳида мешавад. Вайронкунандагони қавонинро ихроҷ интизор аст”, – навишт ин расона.

Вазорати корҳои дохилии Тотористон то ҳол дар ин маврид ягон изҳорот надодааст.

Аммо хадамоти матбуоти ширкати “Ozon” ин қазияро шарҳ дода, гуфтааст, ки он кормандонро ба пулис супоридааст.

“Дар ҳудуди маркази логистикии Зеленодолск воқеан байни кормандони ширкатҳои пудратчӣ муноқиша ба амал омад. Кормандони амниятии ширкат сари вақт онро боздоштанд ва касе зарар нарасид. Барои мо ҳал кардани низоъҳо бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ қобили қабул нест. Иштирокчиёни ҳодиса аллакай аз кор боздошта шудаанд ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тамос ҳастанд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Озон.

Гуфтан ба маврид аст, ки муноқиша миёни муҳоҷирон, аз ҷумла бо иштироки намояндагони халқҳои гуногун дар Русия падидаи нав нест ва сари ҳар чанд вақт мушоҳида мешавад. Дар аксари ҳолат, иштирокчиёни муноқиша боздошт ва муҷозот шуда, теъдоде аз онҳо аз қаламрави Русия ихроҷ ҳам мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...