“Шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат надоштанд”. Тафсилоти муноқишаи муҳоҷирон дар Тотористон

Муҳоҷироне, ки дар таваққуфгоҳи назди амбори байниминтақавии ширкати “Ozon” дар Зеленодолски Тотористон ҷанг карданд, шаҳрвандони Қазоқистон ва Туркманистон будаанд ва ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар ин муноқиша ширкат надоштааст. Дар ин бора аз Созмони ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти Тотористон дар пайи ин муноқиша […]

Муҳоҷироне, ки дар таваққуфгоҳи назди амбори байниминтақавии ширкати “Ozon” дар Зеленодолски Тотористон ҷанг карданд, шаҳрвандони Қазоқистон ва Туркманистон будаанд ва ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар ин муноқиша ширкат надоштааст. Дар ин бора аз Созмони ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти Тотористон дар пайи ин муноқиша 9 нафар  – 4 шаҳрванди Қазоқистон ва 5 шаҳрванди Туркманистонро боздошт кардаанд.

“Дар ин муноқиша ягон нафар шаҳрванди Тоҷикистон иштирок надошт ва хабарҳои дар ин байн паҳншуда асоси воқеӣ надоранд”, – таъкид кард масъули Созмони ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти миллӣ – фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон”.

Қаблан “Реалное Время” иттилоъ дода буд, ки дар таваққуфгоҳи назди амбори байниминтақавии ширкати “Ozon” дар Зеленодолски Тотористон шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон бо ҳам задухӯрд кардаанд.

Ин хабаргузорӣ навишта буд, мақомоти интизомии Тотористон задухӯрди оммавиро муноқишаи байнимиллӣ миёни кормандони ширкати “Ozon” унвон кард.

“Пулиси Тотористон то кунун бештар аз 100 нафар иштирокчиён ва шоҳидони муноқишаи мазкурро бозпурсӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки дар амали иштирокчиёни занозанӣ аломатҳои ҷиноятии авбошӣ (моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия) мушоҳида мешавад. Вайронкунандагони қавонинро ихроҷ интизор аст”, – навишт ин расона.

Вазорати корҳои дохилии Тотористон то ҳол дар ин маврид ягон изҳорот надодааст.

Аммо хадамоти матбуоти ширкати “Ozon” ин қазияро шарҳ дода, гуфтааст, ки он кормандонро ба пулис супоридааст.

“Дар ҳудуди маркази логистикии Зеленодолск воқеан байни кормандони ширкатҳои пудратчӣ муноқиша ба амал омад. Кормандони амниятии ширкат сари вақт онро боздоштанд ва касе зарар нарасид. Барои мо ҳал кардани низоъҳо бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ қобили қабул нест. Иштирокчиёни ҳодиса аллакай аз кор боздошта шудаанд ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тамос ҳастанд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Озон.

Гуфтан ба маврид аст, ки муноқиша миёни муҳоҷирон, аз ҷумла бо иштироки намояндагони халқҳои гуногун дар Русия падидаи нав нест ва сари ҳар чанд вақт мушоҳида мешавад. Дар аксари ҳолат, иштирокчиёни муноқиша боздошт ва муҷозот шуда, теъдоде аз онҳо аз қаламрави Русия ихроҷ ҳам мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.