Мулоқоти вазирони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбари Агентии рушди байналмилалии Амрико дар Самарқанд

Имрӯз, 24-уми октябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико оид ба ҳамгироии минтақавӣ (С5+1) баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин нишаст аз Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар иштирок дошт. Ҳамчунин, дар ин мулоқот, Лазиз Кудратов, вазири […]

Имрӯз, 24-уми октябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико оид ба ҳамгироии минтақавӣ (С5+1) баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин нишаст аз Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар иштирок дошт. Ҳамчунин, дар ин мулоқот, Лазиз Кудратов, вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон, Арман Шаккалиев, вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон, Чингиз Макешов, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон, Керимбердӣ Курбанов, муовини вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон ва Саманта Пауэр, роҳбари Агентии рушди байналмилалии ИМА иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни ҷаласа, ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои рушди  иқтисоди рақамӣ ва “иқтисодӣ сабз”, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва дастгирии шуғли занон, ҷавонон ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа табодули афкор намуданд.

“Ҳамгироии дохилиминтақавӣ ва глобалӣ”, пешбурди пайвастшавии энергетикӣ ва мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим тариқи рушди истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза аз мавзӯҳои дигаре буд, ки дар ин мулоқот баррасӣ шуданд.

Дар поёни ҷаласа, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба рақамикунонии расмиётҳои гумрукӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расониданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.