ЮНИСЕФ аз ҳалокати 2,3 ҳазор нафар кӯдак дар Навори Ғазза хабар дод

Дар маълумоти Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ хабар дода мешавад, ки шурӯъ аз 7 октябр дар Навори Ғазза 2 ҳазору 360 нафар кӯдакон ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад. “Тақрибан ҳар як кӯдак дар навори Ғазза ба ҳодисаҳои амиқи нигаронкунанда ва осеби равонӣ дучор шудааст, […]

Дар маълумоти Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ хабар дода мешавад, ки шурӯъ аз 7 октябр дар Навори Ғазза 2 ҳазору 360 нафар кӯдакон ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад.

“Тақрибан ҳар як кӯдак дар навори Ғазза ба ҳодисаҳои амиқи нигаронкунанда ва осеби равонӣ дучор шудааст, ки бо харобиҳои зиёд, ҳамлаҳои бераҳмона, оворашавӣ ва норасоии шадиди маводи ниёзи аввалия, аз қабили ғизо, об ва доруворӣ вобастагӣ дорад”, – хабар додаанд дар Хазина.Дар ин муассиса илова кардаанд, ки пас аз ҳамлаи Ҳамос ба Исроил, дар Навори Ғазза ҳамарӯза зиёда аз 400 нафар кӯдакон ҳалок мешаванд ё ҷароҳат мегиранд.

Дар Соҳили Ғарбии дарёи Урдун пас аз 7 октябр 28 нафар кӯдакон ба ҳалокат расида, боз дастикам 160 нафари онҳо захмӣ шудаанд.

Дар ЮНИСЕФ илова кардаанд, ки аз ҷониби Исроил зиёд аз 30 нафар кӯдакон ба ҳалокат расида, боз даҳҳо нафар дар Навори Ғазза асир гирифта шудаанд.

Теъдоди ҳалокшудагон дар Навори Ғазза бар асари зарбаҳои Исроил ба зиёда аз 5 ҳазор нафар расид, хабар додаанд дар Вазорати тандурустии Фаластин. Дар Исроил пас аз ҳамлаи Ҳамос беш аз 1,4 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Бино ба маълумоти Артиши дифои Исроил (ЦАХАЛ), боз ҳудуди 220 нафар гаравгон дар Навори Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.