ЮНИСЕФ аз ҳалокати 2,3 ҳазор нафар кӯдак дар Навори Ғазза хабар дод

Asia-Plus

Дар маълумоти Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ хабар дода мешавад, ки шурӯъ аз 7 октябр дар Навори Ғазза 2 ҳазору 360 нафар кӯдакон ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад.

“Тақрибан ҳар як кӯдак дар навори Ғазза ба ҳодисаҳои амиқи нигаронкунанда ва осеби равонӣ дучор шудааст, ки бо харобиҳои зиёд, ҳамлаҳои бераҳмона, оворашавӣ ва норасоии шадиди маводи ниёзи аввалия, аз қабили ғизо, об ва доруворӣ вобастагӣ дорад”, – хабар додаанд дар Хазина.Дар ин муассиса илова кардаанд, ки пас аз ҳамлаи Ҳамос ба Исроил, дар Навори Ғазза ҳамарӯза зиёда аз 400 нафар кӯдакон ҳалок мешаванд ё ҷароҳат мегиранд.

Дар Соҳили Ғарбии дарёи Урдун пас аз 7 октябр 28 нафар кӯдакон ба ҳалокат расида, боз дастикам 160 нафари онҳо захмӣ шудаанд.

Дар ЮНИСЕФ илова кардаанд, ки аз ҷониби Исроил зиёд аз 30 нафар кӯдакон ба ҳалокат расида, боз даҳҳо нафар дар Навори Ғазза асир гирифта шудаанд.

Теъдоди ҳалокшудагон дар Навори Ғазза бар асари зарбаҳои Исроил ба зиёда аз 5 ҳазор нафар расид, хабар додаанд дар Вазорати тандурустии Фаластин. Дар Исроил пас аз ҳамлаи Ҳамос беш аз 1,4 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Бино ба маълумоти Артиши дифои Исроил (ЦАХАЛ), боз ҳудуди 220 нафар гаравгон дар Навори Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...