Насби панҷараҳои муҳофизатӣ дар роҳҳои хатарноки минтақаҳои куҳӣ

Asia-Plus

Тоҷикистон ва Кувайт оид ба хизматрасониҳои машваратӣ барои лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонии панҷараҳо (барйерҳо)-и муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ қарордод имзо карданд.

Дар ин бораи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, созишнома 24-уми октябр, дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)», аз ҷониби Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Аҳмад Маҳрус Аҳмад Муҳаммад Айш, намояндаи ширкати машваратии Кувайт “NARCO – Nabeel Abdul-Raheem Consultants” имзо шудааст.

Таъкид мегардад, ки вазифаи ширкати машваратӣ – таҳқиқи қитъаҳои хатарноки роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ  мебошад, ки дар онҳо тибқи меъёр бехатарии ҳаракатро дар роҳ баланд бардоштан зарур аст. Тавассути таҳияи лоиҳаи асоснок, хулосаҳои муфассали муҳандисӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ сифати баланди корҳои сохтмонии панҷараҳои муҳофизатӣ (VRS – системае, ки мошинро дар хати ҳаракат нигоҳ медорад) дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин, зикр мегардад, ки ширкат хизматрасониҳои машваратиро оид ба назорати сохтмон ва такмили сохти панҷараҳои муҳофизатӣ иҷро менамояд.

“Дар доираи лоиҳаи мазкур омӯзиши роҳҳои автомобилгарди масири “Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб -Хоруғ – гузаргоҳи Қулма” (қитъаҳои махсусан хатарноки кӯҳии Ваҳдат -Данғара, Ш.Шоҳин – Шкев)  ва масири “Ваҳдат – Рашт – Лахш – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон” (қитъаҳои афзалиятноки Ваҳдат-Обигарм, Нуробод-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон) ҷиҳати баланд бардоштани бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба нақша гирифта шудааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Бояд гуфт, ки аксари шоҳроҳҳои Тоҷикистон тавассути кӯҳҳову доманакӯҳҳо убур мекунад ва барои ронандагон хатарҳои эҳтимолии зиёд пеш меояд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...