Сафорати Русия дар Тоҷикистон қабули хоҳишмандони дастрас кардани шаҳрвандии ин кишварро муваққатан боздошт

Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки аз 26 октябри соли 2023 қабули шахсонеро, ки бо масоили шаҳрвандӣ муроҷиат кардан мехоҳанд, муваққатан қатъ мекунад. Дар саҳифаи намояндагии дипломатӣ дар Facebook дар ин робита зикр мешавад, ки ин ба мавриди амал қарор гирифтани қонуни нави федералӣ “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия” марбут аст. “Шаҳрвандони муҳтарам! Дар […]

Asia-Plus

Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод, ки аз 26 октябри соли 2023 қабули шахсонеро, ки бо масоили шаҳрвандӣ муроҷиат кардан мехоҳанд, муваққатан қатъ мекунад.

Дар саҳифаи намояндагии дипломатӣ дар Facebook дар ин робита зикр мешавад, ки ин ба мавриди амал қарор гирифтани қонуни нави федералӣ “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия” марбут аст.

“Шаҳрвандони муҳтарам! Дар робита ба мавриди амал қарор гирифтани Қонуни нави федералӣ аз 28 апрели соли 2023 №138-ҚФ “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия”, қабули шахсон бо масоили шаҳрвандӣ бо сабаби ворид намудани тағйирот ба регламенти кори шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон муваққатан боздошта мешавад”, – зикр мегардад дар элони нашршуда.

Дар бораи кай барқарор шудани қабули шаҳрвандон дар эълони сафорат маълумот дода намешавад.

Дар қонуни нав як қатор тағйирот ба тартиби гирифтан ва қатъи шаҳрвандии Русия пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи қонунро Думаи давлати 19 сентябр қабул карда, 22 сентябр аз ҷониби Шӯрои Федератсия маъқул дониста шуд.

Тағйироти асосӣ ба талабот ба довталабони дарёфти шаҳрвандии Русия дахл дорад: ба ҷуз иқомати доимӣ дар қаламрави Русия на камтар аз 5 сол, донистани забони русӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, хориҷиёни хоҳишманди шаҳрванди Русия шудан бояд донистани таърихи Русия ва қонунгузории ин кишварро тасдиқ намоянд.

Ин талабот ба шахсоне, ки шаҳрвандиро бо тартиби соддашуда мегиранд, дахл надорад. Аз рӯйхати шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро бо тартиби соддашуда гирифта метавонанд, шахсоне, ки ба он пас аз дарёфти Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВЖ) бо никоҳ довталаб буданд, хориҷ карда шуданд.

Акнун барои ин доштани фарзанди умумӣ бо шаҳрванди Русия ва дар як оила (никоҳ) зиндагӣ кардан ба муҳлати на камтар аз се сол зарур аст. Ин тадбир барои мубориза бо никоҳҳои қалбакӣ нигаронида шудааст.

Ҳамчунин дар қонун асосҳои нав барои маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ зикр шудааст. Аз ҷумла дар ҳолатҳои зерин метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд: агар шаҳрванд ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ё дигар гурӯҳҳои давлати хориҷӣ пайваста бошад, ки он мухолифи қонунгузории Русия ё шартномаҳои давлатии Русия бошад; – агар аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Русия гурехта бошад; агар амалҳое содир карда бошад, ки ба бадномкунии Қувваҳои мусаллаҳи Русия равона шуда бошанд ва – агар амали ифротгароӣ (экстремистӣ) содир карда бошад ё ба он даъват карда бошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.