Захираи бузурги нефту газ дар Тоҷикистон. Аксари онҳо кашф нашудаанд

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон бовар доранд, захираи табии сӯзишвории кишвар, ки дар замони Иттиҳорди Шӯравӣ 900 млрд метри мукааб газ ва 150 млн тонна нафт арзёбӣ мешуд, афзоиш ёфтааст.

Дар ин бораи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Шариф Худобахш дар конфронси байналмилалии “Нефт ва Гази Туркманистон” иттилоъ дод.

“Захираҳо дар замони Ититиҳоди Шӯравӣ ҳисоб шуда буданд ва мо интизор дорем, айни замон захираҳо бештаранд”, – гуфтааст Шариф Худобахш ба “Интерфакс-Озарбойҷон”.

Муовини вазир таъкид карда, ки имрӯз дар Тоҷикистон саноати нафту газ комилан рушд накардааст, аммо бо назардошти имконоти мавҷуда ҳукумат бо ширкатҳои пешбари нафту газ ҷиҳати омӯхтан ва кашфи захираҳо робита барқарор мекунад.

Шариф Худобахш афзудааст, ки бар асоси созишномаи тақсими маҳсулот як бахши ширкати CNPC-и чинӣ дар кишвар ба фаъолият шурӯъ мекунад.

“Дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ ду ширкат барои анҷом додани корҳои геологӣ барои ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистон иҷозатнома доранд: Ширкати CNPC-и чинӣ ва ширкати маҳаллии “Сомон-Ойл”, – гуфта буд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон, моҳи июли соли равон дар нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи вай, дар бораи натиҷаи мушаххас ҳоло ҳарф задан барвақт аст.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода гуфта буд, ки Тоҷикистон беш аз 2500 млн тонна захираи нафту газ дорад. То имрӯз танҳо 3 дарсади захираҳои Тоҷикистон кашф шудаанд ва ҳоло конҳои бузург кашфнашуда боқӣ мемонанд.

Ӯ  таъкид кард, ки барои кашфи бештар, таҳқиқи жарфтар ва корҳои пармакунии бештар лозим аст.

Тибқи иттилои Саридораи Геологияи Тоҷикистон айни ҳол дар Тоҷикистон 24 кони нафт ва 14 кони газ сабт шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...