Аз Аҳмад Масъуду Амруллоҳ Солеҳ то Абдуллоҳ Абдуллоҳу Ҳомид Карзай. Нишасти мухолифини Толибон дар Маскав

Раҳбарони сиёсии мухолифи Толибон*, аз ҷумла аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Шӯрои муқовимат барои наҷоти Афғонистон моҳи ноябр дар Маскав нишаст баргузор мекунанд. Дар ин бора “Afganistan International” бо такя ба манобеаш иттилоъ медиҳад. Тибқи даъватномаи меҳмонон, ки нусхаи он ба “Afganistan International” расидааст, дар ин нишаст намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва вакилони Думаи Русия […]

Раҳбарони сиёсии мухолифи Толибон*, аз ҷумла аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Шӯрои муқовимат барои наҷоти Афғонистон моҳи ноябр дар Маскав нишаст баргузор мекунанд. Дар ин бора “Afganistan International” бо такя ба манобеаш иттилоъ медиҳад.

Тибқи даъватномаи меҳмонон, ки нусхаи он ба “Afganistan International” расидааст, дар ин нишаст намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва вакилони Думаи Русия низ ширкат хоҳанд кард.

Дар ин нишаст Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси пешини Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои олии мусоҳила ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ширкат меварзанд.

Инчунин, Фазл Аҳмад Маънавӣ, Маҳмуди Сайқал, Муҳаммад Алам Эзидёр, Аҳмадвалӣ Масъуд, Баҳоуддин Ҷилонӣ, Машкур Кобулӣ, Халили Андробӣ, Залмай Юнисӣ, Сайид Боқири Муҳсинӣ, Мунир Тарахел, Атиқуллоҳ Барёлай, Додуллоҳ Қонеъ, Шамсуллоҳ Ориёнфар ва як теъдод мухолифини дигари Толибон дар ин нишаст ширкат мекунанд.

Аммо ба гуфтаи манобеъ, Салоҳиддини Раббонӣ ва Муҳаммад Муҳаққиқ, аъзои аршади ин Шӯрои раҳбарони муқовимат гуфтаанд, ки дар ин нишаст ширкат нахоҳанд кард.

Қаблан Сергей Миронов, раиси Ҳизби Русияи боадолат ва узви Думаи Русия дар дидор бо Аҳмад Масъуд гуфта буд, ки тирамоҳи имсол Думаи давлатии Русия як баҳси марбут ба Афғонистонро баргузор мекунад ва Аҳмад Масъудро даъват хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо мизбони нишастҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон будааст. Охирини он моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Тотористон доир гардид, ки бо номи “Формати Маскав” шинохта мешавад ва дар он намояндаи Толибон ширкат варзида буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.