Захираи бузурги нефту газ дар Тоҷикистон. Аксари онҳо кашф нашудаанд

Дар Тоҷикистон бовар доранд, захираи табии сӯзишвории кишвар, ки дар замони Иттиҳорди Шӯравӣ 900 млрд метри мукааб газ ва 150 млн тонна нафт арзёбӣ мешуд, афзоиш ёфтааст. Дар ин бораи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Шариф Худобахш дар конфронси байналмилалии “Нефт ва Гази Туркманистон” иттилоъ дод. “Захираҳо дар замони Ититиҳоди Шӯравӣ ҳисоб шуда […]

Дар Тоҷикистон бовар доранд, захираи табии сӯзишвории кишвар, ки дар замони Иттиҳорди Шӯравӣ 900 млрд метри мукааб газ ва 150 млн тонна нафт арзёбӣ мешуд, афзоиш ёфтааст.

Дар ин бораи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Шариф Худобахш дар конфронси байналмилалии “Нефт ва Гази Туркманистон” иттилоъ дод.

“Захираҳо дар замони Ититиҳоди Шӯравӣ ҳисоб шуда буданд ва мо интизор дорем, айни замон захираҳо бештаранд”, – гуфтааст Шариф Худобахш ба “Интерфакс-Озарбойҷон”.

Муовини вазир таъкид карда, ки имрӯз дар Тоҷикистон саноати нафту газ комилан рушд накардааст, аммо бо назардошти имконоти мавҷуда ҳукумат бо ширкатҳои пешбари нафту газ ҷиҳати омӯхтан ва кашфи захираҳо робита барқарор мекунад.

Шариф Худобахш афзудааст, ки бар асоси созишномаи тақсими маҳсулот як бахши ширкати CNPC-и чинӣ дар кишвар ба фаъолият шурӯъ мекунад.

“Дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ ду ширкат барои анҷом додани корҳои геологӣ барои ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистон иҷозатнома доранд: Ширкати CNPC-и чинӣ ва ширкати маҳаллии “Сомон-Ойл”, – гуфта буд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон, моҳи июли соли равон дар нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи вай, дар бораи натиҷаи мушаххас ҳоло ҳарф задан барвақт аст.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода гуфта буд, ки Тоҷикистон беш аз 2500 млн тонна захираи нафту газ дорад. То имрӯз танҳо 3 дарсади захираҳои Тоҷикистон кашф шудаанд ва ҳоло конҳои бузург кашфнашуда боқӣ мемонанд.

Ӯ  таъкид кард, ки барои кашфи бештар, таҳқиқи жарфтар ва корҳои пармакунии бештар лозим аст.

Тибқи иттилои Саридораи Геологияи Тоҷикистон айни ҳол дар Тоҷикистон 24 кони нафт ва 14 кони газ сабт шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.