Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе: “Дар таркиши “Мерве” касе ҷон набохтааст”

Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сарусадо дар бораи кушта шудани чанд нафар дар пайи таркиш дар қаҳвахонаи “Мерве”-ро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, рад кард.

Дирӯз, 30-юми октябр, дар қаҳвахонаи “Мерве”-и шаҳри Душанбе баллони газ таркид.

Тавре ба ОИ “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД пойтахт хабар доданд, феълан тафтишоти ҳодиса идома дорад.

“Мо ҳоло сабабҳои ҳодиса ва хисороти расидаро муайян мекунем. Ҳеҷ кадоме аз захмиён ба ҳалокат нарасидаанд”, – афзуд манбаъ.

Аз маъмурияти қаҳвахона низ ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки дар пайи ин ҳодиса се корманди ин муассиса маҷрӯҳ шудаанд.

“Дар байни мизоҷон, тавре қаблан хабар дода шуда буд, талафот набуд. Се корманди қаҳвахона ҷароҳат бардоштаанд. Ҳоло вазъи ҳамаи онҳо хуб аст”, – гуфтанд аз маъмурияти муассиса.

Ёдовар мешавем, ки ҳодиса дирӯз, 31-уми октябр, соати 13:40 рух дод.

Он замон гуфта мешуд, ки дар пайи таркиш як корманди қаҳвахона ва як мизоҷи он ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин, як адад воситаи нақлиёти тамғаи "Лексус", ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст.

Бояд гуфт, ки қабл аз ин ҳам дар Тоҷикистон бар асари таркиши балони гази моеъ чандин нафар зарар дида буданд. Аз ҷумла, дар охирин таркиши балони гази моеъ дар норҳияи Панҷи вилояти Хатлон 1 нафар ба ҳалокат расида, чандин каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...