Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе: “Дар таркиши “Мерве” касе ҷон набохтааст”

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сарусадо дар бораи кушта шудани чанд нафар дар пайи таркиш дар қаҳвахонаи “Мерве”-ро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, рад кард. Дирӯз, 30-юми октябр, дар қаҳвахонаи “Мерве”-и шаҳри Душанбе баллони газ таркид. Тавре ба ОИ “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД пойтахт хабар доданд, феълан тафтишоти ҳодиса идома дорад. “Мо ҳоло […]

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сарусадо дар бораи кушта шудани чанд нафар дар пайи таркиш дар қаҳвахонаи “Мерве”-ро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, рад кард.

Дирӯз, 30-юми октябр, дар қаҳвахонаи “Мерве”-и шаҳри Душанбе баллони газ таркид.

Тавре ба ОИ “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД пойтахт хабар доданд, феълан тафтишоти ҳодиса идома дорад.

“Мо ҳоло сабабҳои ҳодиса ва хисороти расидаро муайян мекунем. Ҳеҷ кадоме аз захмиён ба ҳалокат нарасидаанд”, – афзуд манбаъ.

Аз маъмурияти қаҳвахона низ ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки дар пайи ин ҳодиса се корманди ин муассиса маҷрӯҳ шудаанд.

“Дар байни мизоҷон, тавре қаблан хабар дода шуда буд, талафот набуд. Се корманди қаҳвахона ҷароҳат бардоштаанд. Ҳоло вазъи ҳамаи онҳо хуб аст”, – гуфтанд аз маъмурияти муассиса.

Ёдовар мешавем, ки ҳодиса дирӯз, 31-уми октябр, соати 13:40 рух дод.

Он замон гуфта мешуд, ки дар пайи таркиш як корманди қаҳвахона ва як мизоҷи он ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин, як адад воситаи нақлиёти тамғаи "Лексус", ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст.

Бояд гуфт, ки қабл аз ин ҳам дар Тоҷикистон бар асари таркиши балони гази моеъ чандин нафар зарар дида буданд. Аз ҷумла, дар охирин таркиши балони гази моеъ дар норҳияи Панҷи вилояти Хатлон 1 нафар ба ҳалокат расида, чандин каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.