Леонел Месси бори ҳаштум “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб шуд

Лионел Месси, футболбози 36-солаи аргентинӣ ва дастаи “Интер Майами”, бори ҳаштум Тӯби тиллоӣ – ҷоизаи “Беҳтарин футболбози ҷаҳон”-ро соҳиб шуд. Ин ҷоиза, ки аз ҷониби нашрияи фаронсавии France Football таъсис ёфтааст, шаби гузашта, 30-юми октябр, дар пойтахти Фаронса, шаҳри Порис, дар театри Шатле, тақдим карда шуд. Бояд гуфт, ки Лионел Месси айни ҳол дар дастаи […]

Asia-Plus

Лионел Месси, футболбози 36-солаи аргентинӣ ва дастаи “Интер Майами”, бори ҳаштум Тӯби тиллоӣ – ҷоизаи “Беҳтарин футболбози ҷаҳон”-ро соҳиб шуд.

Ин ҷоиза, ки аз ҷониби нашрияи фаронсавии France Football таъсис ёфтааст, шаби гузашта, 30-юми октябр, дар пойтахти Фаронса, шаҳри Порис, дар театри Шатле, тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки Лионел Месси айни ҳол дар дастаи футболи “Интер Майами”-и Амрико бозӣ мекунад. Ӯ дар охирин Ҷоми ҷаҳонии футбол, дар Қатар бори аввал ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, беҳтарин бозигари ин мусобиқот гардид.

Ин ҳаштумин “Тӯби тиллоӣ”-и Леонел Месси аст.

Мақоми дуюмро узви дастаи мунтахаби Норвегия ва бошгоҳи “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд, ҷойи сеюмро узви тими Фаронса ва дастаи ПСЖ Килиан Мбаппе ва ҷойи чорумро Кевин де Брюйне, нимҳимоятгари тими Белгия ва дастаи “Манчестер Сити” ишғол карданд.

Рақиби сарсахти Леонел Месси – Криштиану Роналдуи португолӣ дар 20 соли ахир бори аввал ба рӯйхати 30 нафар муддаиёни ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дохил нашуд.

Ҳамин тавр, шаби гузашта, ҷоизадорони дигар номинаҳо низ муайян гардиданд:

“Тӯби тиллоӣ” (барои занон): Айтана Бонмати (Испания, “Барселона”)

Копа Трофи (беҳтарин бозигари ҷавон): Ҷуд Беллингем (Англия, “Боруссия Д” / “Реал Мадрид”)

Яшин Трофи (ҷоизаи беҳтарин дарвозабон): Эмилиано Мартинес (Аргентина, “Астон Вилла”)

Мюллер Трофи (беҳтарин ҳамлагар): Эрлинг Ҳоланд (Норвегия, “Манчестер Сити”)

Сократес Трофи (барои хайрия): Винисиус Жуниор (Бразилия, “Реал Мадрид)

Беҳтарин бошгоҳ (мардон): “Манчестер Сити” (Англия)

Беҳтарин бошгоҳ (занон): “Барселона” (Испания)

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.