Дабири кулли СММ гуфт, Навори Ғазза ба “гуристони кӯдакон” табдил меёбад

Asia-Plus

Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид Антониу Гутерриш бори дигар хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза барои интиқоли кумакҳои инсондӯстона ба ғайринизомиён шуда, таъкид кард, ки Навори Ғазза ба “гӯристони кӯдакон табдил мешавад”. Дар ин бора расонаи BBC хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, Антониу Гутерриш ин суханонро зимни ифтитоҳи расмии лоиҳаи СММ барои ҷамъоварии маблағ барои кӯмак Ғазза ва дигар манотиқи Фаластин иброз доштааст.

“Тарафҳои муноқиша – инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ – бояд фавран вазифаи асосии худро иҷро кунад: хотима додан ба ин озмоиши ғайриинсонии дастаҷамъӣ ва ба таври назаррас афзоиш додани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза”, – зикр кардааст Гутерриш дар ин маросим.

“Чӣ бояд кард – равшан аст. Созиши башардӯстона – фавран. Ҳама ҷонибҳо ӯҳдадориҳои худро дар доираи ҳуқуқи байнулмилалии башардӯстона риоя мекунанд”, – таъкид кардааст Дабири куллии СММ.

Гутерриш мушаххасан зикр намудааст, ки ба Ғазза бояд ба таври фаврӣ сӯзишвории зарурӣ барои дастгоҳҳои барқистеҳсолкунанда интиқол ёбад.

Бояд гуфт, ки Исроил аз бими он ки гуруҳи Ҳамос маводи сӯхтро барои истифодаи худ мегирад, то ҳол ба ин иҷозат намедиҳад.

Бо ин ҳама, Дабири кулли СММ бори дигар изҳор доштааст, ки ӯ ҳамлаи Ҳамос дар рӯзи 7-уми октябр ба Исроил ва кушта шудани беш аз 1300 исроилиро як амали террористӣ медонад ва маҳкум мекунад.

Аммо ин маротиба ҳам суханронии Антониу Гутерриш боиси қаҳру ғазаби намояндаи Исроил шудааст.

Элӣ Коэн, вазири умури хориҷаи Исроил, ба суханони Антониу Гутерриш дар бораи “ба қабристони кӯдакон табдил ёфтани Ғазза” чунин посух додааст: “Шарм бар ту бод”.

Теъдоди кушташудагон дар Ғазза беш аз 10 ҳазор шуд

Вазорати тандурустии Навори Ғазза, ки таҳти назорати гурӯҳи Ҳамос аст, рӯзи душанбе гуфт, теъдоди кушташудагон дар Ғазза бар асари ҳамлаҳои Исроил аз 10 000 нафар гузашт.

Теъдоди нафарони зери харобаҳо қарордошта ва ё бедаракшуда номаълум аст.

Яке аз нуктаҳое, ки боиси баҳс аст, ин арқоми ироакардаи Вазорати тандурустии Фаластин мебошад. Аммо хадамоти тафтиши далелҳои BBC – Verify тавзеҳ медиҳад, ки қурбониёни ҳамлаҳои Исроил дар беморхонаҳо ба қайд гирифта мешаванд. Ҳар як сабт ном, синну сол, ҷинс ва рақами мушаххаси фавтидаро дар бар мегирад.

“Ҳар рӯз ин маълумот аз беморхонаҳо ба системаи марказии компютерӣ интиқол дода мешавад ва аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ҷамъ оварда мешавад. Он гоҳ ба Бюрои марказии омори Фаластин (PCBS) интиқол дода мешавад”, – менависад ВВС.

Директори Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Ховари Миёна Ричард Бреннан низ маълумоти Вазорати тандурустии Ғаззаро эътимодбахш шуморидааст. Ба қавли ӯ, низоми иттилоотии Вазорати тандурустии Ғазза мураттаб фаъолият мекунад ва дар солҳои гузашта маълумоте, ки вазорат гирд овардааст, муътамад будааст.

Нетаняҳу: Оташбас бидуни раҳоии гаравгонҳо ғайриимкон аст

Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил шаҳри Ғаззаро комилан муҳосира карда, онро амалан ба Шимолӣ ва Ҷанубӣ тақсим карданд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ба телевизиони ABC News гуфтааст, ки оташбас дар навори Ғазза бидуни раҳоии ҳамаи гаравгонҳо ғайриимкон аст, аммо қайд кард, ки Исроил метавонад ба “таваққуфҳои тактикӣ” барои аҳдофи башардӯстона иҷозат диҳад.

Ба гуфтаи нахуствазири Исроил, оташбас ба амалиёти низомӣ, ки артиш алайҳи ҷангиёни Ҳамос анҷом медиҳад, халал мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки даргириҳо дар Навори Ғазза расо як моҳ пеш, 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи ҷангиёни гуруҳи Ҳамос ба Исроил оғоз гардид. Дар пайи ин ҳамла, ба иттилои Исроил, 1400 исроилӣ кушта шуда, беш аз 200 нафари дигар ба асорат афтодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...