Аз мубориза бо терроризм то истирдоди ҷинояткорон. Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо ҳамтои чиниаш Чин Ин Юн

Ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму экстримизм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва масъалаҳои амниятӣ аз масоиле будааст, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни сафари худ ба Чин ва мулоқот бо додситонии кулли ин кишвар Чин Ин Юн баррасӣ намудааст. Дар ин мулоқот, ки имрӯз, 7-уми ноябр, баргузор гардидааст, ҳамчунин, масъалаҳои […]

Ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму экстримизм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва масъалаҳои амниятӣ аз масоиле будааст, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни сафари худ ба Чин ва мулоқот бо додситонии кулли ин кишвар Чин Ин Юн баррасӣ намудааст.

Дар ин мулоқот, ки имрӯз, 7-уми ноябр, баргузор гардидааст, ҳамчунин, масъалаҳои истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ба мувофиқа расонида шуд. Ҷонибҳо муҳимияти густариши ҳамкории зич миёни ниҳодҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳоро ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки додситони кулли кишвар пештар аз ин бо додситони кулли Қатар низ мулоқот карда, чандин шартномаи ҳамкорӣ имзо намуда буд.

Қаблтар аз ин бошад, Юсуф Раҳмон ба чандин кишварҳои Аврупоӣ низ сафар карда, бо додситонҳои кулли давлатҳои аврупоӣ шартномаҳои ҳамкорӣ имзо намуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.