Зоҳири Ағбар: Таъйини намояндаи Толибон дар Тоҷикистон воқеъият надорад

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон, ки мегӯяд намояндаи ин кишвар дар Тоҷикистон аст, овозаҳо дар бораи фиристодани дипломати гурӯҳи Толибон* ба Тоҷикистонро рад кард ва номаеро, ки дар баъзе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, пора намуд. Дар ин номаи паҳнгардида гуфта мешуд, ки Файзулло ном шахсе ба ҳайси котиби аввали сафорати Афғонистон […]

Asia-Plus

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон, ки мегӯяд намояндаи ин кишвар дар Тоҷикистон аст, овозаҳо дар бораи фиристодани дипломати гурӯҳи Толибон* ба Тоҷикистонро рад кард ва номаеро, ки дар баъзе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, пора намуд.

Дар ин номаи паҳнгардида гуфта мешуд, ки Файзулло ном шахсе ба ҳайси котиби аввали сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шудааст ва зери он гӯё Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон имзо гузоштааст.

Худи Толибон то ҳол дар ин бора расман изҳори назар накардаанд.

Зоҳири Ағбар, ки имрӯз, 7-уми ноябр, дар ҳузури рӯзноманигорон суҳбат мекард, гуфт, ба он мактуб ҳеҷ иртиботе надорад ва намедонад, ки он аз куҷо ва чӣ гуна пайдо шудаву дар баъзе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст. Ӯ он номаро дар ҳузури рӯзноманигорон намоишкорона пора кард.

Бояд гуфт, ки дар хусуси номаи мазкур аз ҷумла, хабаргузории “Afganistan International” низ иттилоъ дода, навишт, ки “нафаре бо номи Файзулло ба вазифаи котиби аввали ин сафорат таъйин шудааст” ва дар он мактуб аз “сафорати Афғонистон хоста шудааст, то давлати Тоҷикистонро дар бораи таъйини як дипломати нав огоҳ кунад”.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам то кунун дар бораи таъйин ё омадани дипломати Толибон ба кишвар иттилое надодаанд.

Гуфтан зарур аст, ки то кунун як қатор кишварҳо, аз ҷумла Чин, Эрон, Русия ва Туркия сафоратҳои Афғонистонро ба намояндагони расмии Толибон таслим карда, дипломатҳои ин гурӯҳро пазируфтаанд.

Тоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки бо Толибон расман ҳеҷ гуна равобит надорад. Дар Душанбе то ҳол сафири ҳукумати пешини Афғонистон ба ҳайси намояндаи мардуми ин кишвар фаъолият мекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.