Тоҷикон хушбинтарин мардуми Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд

Date:

Шохиси эътимоди истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон дар миёни чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ ҳамоно баландтарин боқӣ мемонад. Ин нукта дар пажӯҳиши ҳармоҳаи макроиқтисодии Freedom Finance Global (FFG) зикр гардидааст.

Шохиси эътимоди истеъмолкунандагон (CCI) назарсанҷиест, ки эҳсоси хушбинӣ ё рӯҳафтодагии истеъмолкунандагон дар як кишварро муайян мекунад.

Дар моҳи октябр нишондиҳандаи Тоҷикистон, бар асоси назарсанҷии 1 ҳазору 200 сокини кишвар, 7,8 хол боло рафта, 151 холро ташкил додааст. Ин рақам нисбати дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин дониста мешавад.

Шохиси эътимоди истеъмолкунандагон дар Қазоқистон 103,3, дар Ӯзбекистон 134,4 ва дар Қирғизистон 129,2 холро ташкил додааст.

“Моҳи октябр дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ пайиҳам афзоиш ёфтани эътимоди истеъмолкунандагон мушоҳида шуд. Махсусан, нишондиҳандаи эътимоди истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, тамоми рекордҳоро шикаст”, – менависад FFG.

Манбаъ меафзояд, ки Қазоқистон ҳам бо итминон аз 100 хол гузашта, эътимоди баландтарини истеъмолкунандагонро дар 12 моҳи охир нишон дод.

Гуфта мешавад, ки Ӯзбакистон ва Қирғизистон низ кӯшиш мекунанд, ки пешсаф бошанд.

Муаллифони пажӯҳиш ҳамчунин аз хуб шудани вазъи иқтисодии Тоҷикистон хабар медиҳанд: ҳиссаи онҳое, ки боварӣ доранд, ки иқтисод дар як соли охир беҳтар шудааст, аз 74,8 дарсади моҳи сентябр то 80,7 дарсади моҳи октябр боло рафтааст.

Аммо сарфи назар аз сатҳи баланди хушбинӣ, сокинони Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҳама осебпазиртар боқӣ мемонанд ва дар минтақа маоши пасттаринро мегиранд.

Тибқи омори расмӣ, то нимаи дуввуми соли 2023 маоши миёна дар Қазоқистон 807 доллар, дар Ӯзбекистон 358 доллар, дар Қирғизистон 352 доллар ва дар Тоҷикистон 203 доллар мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...