КҲФ: Роҳи Душанбе – Чаноқ дар қитъаи 119 км баста аст

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) аз баста шудани роҳи Душанбе – Чаноқ дар километри 119, дар минтақаи ноҳияи Айнӣ хабар додааст.

Ин ниҳод бо нашри хабарномае гуфтааст, ки рӯзи 23-юми ноябр дар километри 119 роҳи Душанбе – Чаноқ, ки дар минтақаи ноҳияи Айнӣ мегузарад, сангрезӣ ба амал омад ва ҳоло “дар қитъаи мазкур роҳ баста буда, корҳо барои бартараф кардани офтаи табиӣ идома дорад”.

Субҳи имрӯз, IRS, ширкате ки масъули ҷамъоварии маблағ ва нигоҳубини роҳи мазкур аст, хабар дод, ки дар натиҷаи лағжиши кӯҳ ҳаракати яксамтаи нақлиёт ба роҳ монда шуд.

Пас аз нашри хабари КҲФ аз маркази матбуотии ин ширкат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, “роҳ боз аст ва танҳо дар ҳаракати нақлиёт маҳдудият ҷорӣ шудааст”.

Зимнан, КҲФ гуфтааст, ки дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Лахш, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Дарвоз – Хоруғ хатари яхбандӣ дар субҳу шом ва сангрезӣ боқӣ мондааст.

Ин ниҳод аз аҳолӣ хостааст, ки аз сафар ва рафтан ба минтақаҳои тармафуро худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

“Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки хангоми ба нақша гирифтани сафар аз вазъияти роҳҳо хабардор шуда, ҳангоми харакат дар минтақаҳои куҳӣ ва ё минтақаҳои хавфноки роҳҳо фосилаи муқарраршудаи байни нақлиётро қатъиян риоя кунанд”, – ҳушдор додааст КҲФ.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ба рақамҳои: 112 ё 93 880 28 19 занг зананд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...