“Росатом” барои довталабони тоҷик 50 квота барои таҳсил ҷудо мекунад

Ин тасмим дар мулоқоти Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Геннадий Сахаров, директор оид ба сармоягузориҳои асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии “Росатом”-и Русия таъкид гардид. Дар ин бора сомонаи расмии вазорати меҳнат хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, ки ҳадафи он “омода намудани мутахассисони ба талабот ҷавобгӯ барои амалӣ […]

Ин тасмим дар мулоқоти Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Геннадий Сахаров, директор оид ба сармоягузориҳои асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии “Росатом”-и Русия таъкид гардид. Дар ин бора сомонаи расмии вазорати меҳнат хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, ки ҳадафи он “омода намудани мутахассисони ба талабот ҷавобгӯ барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Корпоратсияи давлатии “Росатом”” аст.

Хатмкунандагони тоҷик дар Донишгоҳи давлатии сохтмони Маскав таҳсил карда, баъд аз хатми донишгоҳ дар “Росатом” таҷрибаомӯзӣ мекунанд ва ба ҷойи кор таъмин мегарданд.

Дар мулоқот ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҷиҳати омода намудани мутахассисон ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон байни вазорати меҳнати Тоҷикистон, Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия ва Корпоратсияи давлатии “Росатом” Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Ин мулоқот дирӯз, 22-юми ноябр, дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия сурат гирифтааст.

Дар мулоқот ҳамичунин, масъалаи ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар самти ҷалби муташаккилона, аз ҷумла дар масъалаҳое, ки қабули қарори дуҷонибаро талаб менамояд, омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Русия ҷавобгӯ ва эҳтимоли омӯзиши касбии онҳо аз ҷониби корфармоёни ин кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вазорати меҳнати Тоҷикистон гуфтааст, айни замон “Росатом” ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад ва талабот ба хатмкунандагони донишгоҳҳо то соли 2030 ба 30 ҳазор нафар мерасад.

Ин ниҳод навиштааст, ки “Росатом” барои кормандонаш зиёда аз 100 ҳазор рубл маош пардохт мекунад ва ҳамчунин, имтиёзҳое ҳам мисли фаъолияти меҳнатии расмиро дар асоси кодекси меҳнат ва сатҳи баланди кафолатҳои иҷтимоиро пешбинӣ менамояд.

“Росатом” холдинги бисёрсоҳавӣ буда, дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, сохтмон ва ғайра фаъолият менамояд. Дар зертобеи Корпоратсияи давлатӣ зиёда аз 400 корхона ва ташкилот фаъолият намуда, дар онҳо зиёда аз 330 ҳазор нафар ба ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.