КҲФ: Роҳи Душанбе – Чаноқ дар қитъаи 119 км баста аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) аз баста шудани роҳи Душанбе – Чаноқ дар километри 119, дар минтақаи ноҳияи Айнӣ хабар додааст. Ин ниҳод бо нашри хабарномае гуфтааст, ки рӯзи 23-юми ноябр дар километри 119 роҳи Душанбе – Чаноқ, ки дар минтақаи ноҳияи Айнӣ мегузарад, сангрезӣ ба амал омад ва ҳоло “дар қитъаи мазкур роҳ баста […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) аз баста шудани роҳи Душанбе – Чаноқ дар километри 119, дар минтақаи ноҳияи Айнӣ хабар додааст.

Ин ниҳод бо нашри хабарномае гуфтааст, ки рӯзи 23-юми ноябр дар километри 119 роҳи Душанбе – Чаноқ, ки дар минтақаи ноҳияи Айнӣ мегузарад, сангрезӣ ба амал омад ва ҳоло “дар қитъаи мазкур роҳ баста буда, корҳо барои бартараф кардани офтаи табиӣ идома дорад”.

Субҳи имрӯз, IRS, ширкате ки масъули ҷамъоварии маблағ ва нигоҳубини роҳи мазкур аст, хабар дод, ки дар натиҷаи лағжиши кӯҳ ҳаракати яксамтаи нақлиёт ба роҳ монда шуд.

Пас аз нашри хабари КҲФ аз маркази матбуотии ин ширкат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, “роҳ боз аст ва танҳо дар ҳаракати нақлиёт маҳдудият ҷорӣ шудааст”.

Зимнан, КҲФ гуфтааст, ки дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Лахш, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Дарвоз – Хоруғ хатари яхбандӣ дар субҳу шом ва сангрезӣ боқӣ мондааст.

Ин ниҳод аз аҳолӣ хостааст, ки аз сафар ва рафтан ба минтақаҳои тармафуро худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

“Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки хангоми ба нақша гирифтани сафар аз вазъияти роҳҳо хабардор шуда, ҳангоми харакат дар минтақаҳои куҳӣ ва ё минтақаҳои хавфноки роҳҳо фосилаи муқарраршудаи байни нақлиётро қатъиян риоя кунанд”, – ҳушдор додааст КҲФ.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ба рақамҳои: 112 ё 93 880 28 19 занг зананд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.