Аз 100 то 3 ҳазор сомонӣ. Фурӯши чипта барои бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср” оғоз шуд

Date:

Фурӯши чипта барои бозии дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ оғоз шуд: нархи он аз 100 сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, фурӯши чиптаҳо дар назди даромадгоҳи варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сар аз имрӯз, 27-уми ноябр, ба роҳ монда шуд.

“Чиптаҳои ин бозӣ дар се категория пешкаш карда мешаванд. Нархи чипта барои категорияи якум минбари асосӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) 300 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Чиптаи VIP (барои меҳмонони хос) 3000 сомонӣ нархгузорӣ шудааст”, – менависад ФФТ.

Бояд гуфт, ки нархи чипта ба бозиҳои дигаре, ки то ин замон дастаи “Истиқлол” дар доираи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баргузор кардааст, 20 сомонӣ муқаррар шуда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Талошҳои мо барои гирифтани назари масъулин дар мавриди нархи гарони чиптаи ин бозӣ бенатиҷа анҷомид ва ба тамосҳои мо дар бошгоҳи “Истиқлол” касе ҷавоб надод.

Аммо ба эҳтимоли зиёд нархи гарони чипта барои бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” ба ташрифи ситораи футболи ҷаҳон Криштиану Роналду бастагӣ дорад. Ӯ сардори дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023-2024 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ рӯзи 5-уми декабр дар Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00 аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...