Аз 100 то 3 ҳазор сомонӣ. Фурӯши чипта барои бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср” оғоз шуд

Фурӯши чипта барои бозии дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ оғоз шуд: нархи он аз 100 сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, фурӯши чиптаҳо дар назди даромадгоҳи варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сар аз имрӯз, 27-уми ноябр, ба роҳ монда шуд. “Чиптаҳои ин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Фурӯши чипта барои бозии дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ оғоз шуд: нархи он аз 100 сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, фурӯши чиптаҳо дар назди даромадгоҳи варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сар аз имрӯз, 27-уми ноябр, ба роҳ монда шуд.

“Чиптаҳои ин бозӣ дар се категория пешкаш карда мешаванд. Нархи чипта барои категорияи якум минбари асосӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) 300 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Чиптаи VIP (барои меҳмонони хос) 3000 сомонӣ нархгузорӣ шудааст”, – менависад ФФТ.

Бояд гуфт, ки нархи чипта ба бозиҳои дигаре, ки то ин замон дастаи “Истиқлол” дар доираи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баргузор кардааст, 20 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Талошҳои мо барои гирифтани назари масъулин дар мавриди нархи гарони чиптаи ин бозӣ бенатиҷа анҷомид ва ба тамосҳои мо дар бошгоҳи “Истиқлол” касе ҷавоб надод.

Аммо ба эҳтимоли зиёд нархи гарони чипта барои бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” ба ташрифи ситораи футболи ҷаҳон Криштиану Роналду бастагӣ дорад. Ӯ сардори дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023-2024 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ рӯзи 5-уми декабр дар Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00 аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.