Фаррух Ҳасанов, ғолиби озмуни “Ну-ка, все вместе!” ба Тоҷикистон меояд

Пагоҳ, 28-уми ноябр, Фаррух Ҳасанов, овозхони ҷавони тоҷик, ки ахиран барандаи озмуни телевизионии “Ну-ка, все вместе!” шуд, ба Тоҷикистон меояд. Тавре худи овозхон дар як сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ӯ соати 18:30 ба вақти Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон мерасад. Гуфтан ба маврид аст, ки Фаррух Ҳасанов бо ғалабаи мутлақ дар озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” […]

Пагоҳ, 28-уми ноябр, Фаррух Ҳасанов, овозхони ҷавони тоҷик, ки ахиран барандаи озмуни телевизионии “Ну-ка, все вместе!” шуд, ба Тоҷикистон меояд.

Тавре худи овозхон дар як сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ӯ соати 18:30 ба вақти Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон мерасад.

Гуфтан ба маврид аст, ки Фаррух Ҳасанов бо ғалабаи мутлақ дар озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” дар шабакаи телевизионии “Россия1” ба ватанаш бармегардад.

Ин овозхони ҷавони тоҷик бо касби 98 овоз аз баҳои 100 узви доварон дар мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” ғалаба ба даст овард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии ин озмунро гирифт.

Рӯзи 24-уми ноябр дар даври ниҳоии ин озмун Азат Раимбердиеви 37-сола аз Қирғизистон, Софико Кордаваи 23-сола аз Русия ва Фаррух Ҳасанови 25-сола аз Тоҷикистон барои ҷоизаи асосӣ рақобат карданд.

Фаррух Ҳасанов суруди овозхони амрикоӣ Бруно Марс “Talking to the moon”-ро иҷро кард ва бо касби 98 овоз ду рақиби боқимондааш дар марҳалаи ниҳоӣ  шикаст дод.

Фаррух Ҳасанов пас аз гирифтани ҷоизаи асосии озмун гуфт, “ман ифтихор мекунам, ки тоҷикам! Ман нишон додам, ки тоҷикон фақат устои сохтмон нестанд. Мо ҳам боистеъдод ҳастем”.

“Ин пирӯзиро ба кишварам – Тоҷикистон мебахшам”, – бо ҳаяҷон гуфт Ҳасанов.

Фаррух Ҳасанов 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Номи Фаррух Ҳасанов ҳамчун овозхон бори аввал дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни “Central Asia Got Talent” муаррифӣ ва маъруф шуд. Фаррух бо иҷрои сурудҳои “Утром”, “Шейла”, “Лейли” ба забони русӣ ва таронаҳои тоҷикиаш “Резаборон”, “Телефон” ва “Модар” ба дили тамошобин роҳ ёфт.

Соли гузашта Фаррух Ҳасанов дар озмуни “Tarona Music Award”-и радиои “Азия-Плюс” низ ширкат ва баранда шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.