Нашри наворе, ки дар он марде кӯдакро бераҳмона азият медиҳад. Милитсия хомӯш аст

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти видеоие, ки дар он марди калонсол наврасеро бо истифода аз электрошокер азобу шиканҷа медиҳад, баҳс мешавад. Аз нашри навор дар шабака чанд рӯз гузашта, он дар ҷомеа нигаронӣ ба бор овардааст. Лекин ВКД то ҳол ин қазияро ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳад. Корбарони шабака аз кормандони милитсия дархост намудаанд, ки ин […]

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти видеоие, ки дар он марди калонсол наврасеро бо истифода аз электрошокер азобу шиканҷа медиҳад, баҳс мешавад.

Аз нашри навор дар шабака чанд рӯз гузашта, он дар ҷомеа нигаронӣ ба бор овардааст. Лекин ВКД то ҳол ин қазияро ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳад.

Корбарони шабака аз кормандони милитсия дархост намудаанд, ки ин “шахси бераҳм” фавран дастгир ва муҷозот шавад.

Тавре ки аз навори видео шунида мешавад, мард Фирдавс ном дорад. Наврас узр мепурсад, лекин мард бо алфози қабеҳу носазо ӯро ҳақорат карда, ба азияти ӯ идома медиҳад. Ӯ бо дастону пойҳояш ба наврас зарбаҳо мезанад.

Корбарони шабака менависанд, ки ин мард хонандаи синфи 9-ро ба боми яке аз манзилҳо мебарорад, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо номи "Кайракумские дома" маъруф аст. Ҳодиса рӯзи 2 декабр рух додааст.

Корбарони шабака хабар медиҳанд, ки азобу шиканҷа нисбти наврас муддати қариб ду соат давом кардааст.

Сарфи назар аз таваҷҷуҳи зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва талошҳои тамос гирифтан бо ВКД ва Раёсати ВКД дар Душанбе, ба “Азия-Плюс” то ҳол муяссар нашуд, ки дар ин бора маълумоти расмӣ дарёфт кунад.

Айни замон ҳолатҳои рух додани ҳодиса ва тақдири минбаъдаи навраси латукӯбшуда, инчунин аз ҷониби кӣ сабт шудани навор маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.