Пешниҳоди таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Тоҷикистон

Дар ҷараёни кори Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш ба ҳукумати кишвар супориш дод ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар ин бораи пешниҳод манзур шавад. Тавре […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни кори Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш ба ҳукумати кишвар супориш дод ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар ин бораи пешниҳод манзур шавад.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ба ақидаи президент, ҷоизаи мазкур барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ тақдим мегардад.

“Гиромидошти номи неки Бобоҷон Fафуров мактаби бузурги тарбияи худогоҳиву худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ мебошад, – таъкид дошт сарвари давлат. – Бинобар ин, моро зарур аст, ки хотираи ин фарзанди фарзонаи миллатро пос дорем, шоҳасари «Тоҷикон» ва дигар осори бегазанди ӯро пайваста омӯзем ва аз кору фаъолияти фидокоронааш сабақ гирем”.

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро президенти мамлака шоҳкорӣ номида, таъкид дошт, ки он асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.