Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Абдухалил Холиқзода аз ташхиси диниву сиёсӣ гузаштааст

Asia-Plus

Чор ниҳоди давлатии Тоҷикистон муҳтавои китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” – Абдухалил Холиқзодаро, ки ба қавли мақомоти Тоҷикистон “боис ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ шуд”, санҷидаанд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар посухи катбӣ ба Радиои Озод хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, “китоб аз ташхиси комютерӣ, динӣ, адабӣ-сиёсӣ ва равоншиносӣ гузашт”. Вале дар бораи натиҷаи ташхис чизе гуфта нашудааст.

Манобеи ин расона хабар доданд, ки “Ҳаводиси рӯзгори ман” аз сӯи мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи дин, Академияи миллии илмҳо ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санҷида шудааст.

“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода, соҳибкор ва мудири Беморхонаи Ибни Сино дар пойтахт аст, ки 15-уми март дар Душанбе рӯнамоӣ шуд. Дар он муаллиф саргузашт ва дидаву шунидаҳояшро нақл карда, андешаашро дар бораи ҳаводису падидаҳои гуногуни ҷомеа иброз медорад. Аз ҷумла, аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошташро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.

Нашри ин китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунди маҳалгароиро ба миён овард. Худи ӯ ин ҳамаро рад кард ва гуфт, “тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст”.

Моҳи август Абдухалил Холиқзода ва як моҳ пас аз ин Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик, ки номаш дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” зикр шуда, муаллиф ба ӯ изҳори сипос кардааст, низ боздошт ва  барангехтани кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ё дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар шуданд.

Баъдан, чанд мансабдори тоҷик, аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири феълии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Эмомалӣ Насриддинзода, мушовири Президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоъ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ ва ҳатто омӯзгорону собиқадарони меҳнат  муаллиф ва мӯҳтавои китобро танқид карданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон 1-уми декабр дар нома ба Радиои Озодӣ навиштааст, ки тафтиши парвандаи нависанда Абдуқодири Рустам идома дорад. Додситонӣ аз ӯ ҳамчун муҳаррири китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ном бурдааст. Ин дар ҳолест, ки дар китоб номи ӯ ҳамчун муҳаррир зикр нашудааст.

Ҷузъиёти бештарро дар бораи ин павранда дар мақолаи “Вазорати фарҳанг нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро маҳкум кард. Боз киҳо ва чаро ин асарро танқид карданд?” хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...