Ҳушдори СММ: 600 ҳазор нафар дар ҷануби Ғазза, ки дастури тахлия гирифтаанд, ҷое барои рафтан надоранд

Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки 600 ҳазор нафар сокини осоиштаи минтақаи ҷанубии навори Ғазза, ки бар асари бомбборони артиши Исроил дастури тахлия гирифтаанд, ҷое барои рафтан надоранд. Филип Лазарини, комисари умумии Оҷонси имдод ва кори СММ дар умури паноҳандагони фаластинӣ (UNRWA)  дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) навишт, ки “қариб нисфи онҳо қаблан маҷбур […]

Asia-Plus

Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки 600 ҳазор нафар сокини осоиштаи минтақаи ҷанубии навори Ғазза, ки бар асари бомбборони артиши Исроил дастури тахлия гирифтаанд, ҷое барои рафтан надоранд.

Филип Лазарини, комисари умумии Оҷонси имдод ва кори СММ дар умури паноҳандагони фаластинӣ (UNRWA)  дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) навишт, ки “қариб нисфи онҳо қаблан маҷбур буданд хонаҳои худро тарк кунанд”.

Ба иттилои BBC, ӯ инчунин ҳушдор додааст, ки барои сокинони Ғазза “ҷои дигаре барои рафтан” нест, зеро паноҳгоҳҳо, аз ҷумла паноҳгоҳҳои Созмони Миллали Муттаҳид пур шудаанд.

Пас аз он, ки Исроил бо шикаста шудани оташбас даври нави ҳамлаҳояшро оғоз кард, ба ҳамлаҳо дар ҷануби навори Ғазза тамаркуз кард. Ин дар ҳоле аст, ки Исроил пештар аз сокинони шимоли ин борика хост, ба ҷануби навори Ғазза, ки онро “амнтар” унвон кард, бираванд.

Оҷонси имдод ва кор дар умури паноҳандагони фаластинӣ гуфт, беш аз 600 ҳазор нафар дар ҷануби Ғазза таҳти фармони тахлия қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ бо ҳушдор аз шиддати бӯҳрон дар Ғазза аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, ки “ҳалли фаврии сиёсӣ” пайдо кунанд.

Ин оҷонс эълон кард, ки бӯҳрони гуруснагӣ бо азсаргирии даргириҳо дар Ғазза бадтар шудааст ва ба оташбаси башардӯстона даъват кард.

Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ эълон кард, ки дар танаффуси ҳафтрӯзае, ки дар ҷараёни даргириҳо ба вуқӯъ пайваст, ба ҳудуди 250 000 нафар кӯмак кардааст.

Оҷонсӣ мегӯяд, ки идомаи ҷанг “ҳаёти кормандони башардӯстонаро зери хатар мегузорад” ва интиқоли кӯмакҳоро “тақрибан ғайриимкон” мекунад.

Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ гуфт, ки барои интиқоли кумакҳои зарурӣ дар навори Ғазза ба “дастрасии амн, бидуни мамониат ва устувор” ниёз дорад.

Зикр бояд кард, ки пас аз оташбаси кӯтоҳ миёни гуруҳи Ҳамос ва Исроил даргирӣ миёни онҳо дигарбора авҷ гирифт. Артиши Исроил ба манотиқи ҷанубии навори Ғазза, ки қаблан сокинонро ба онҷо фиристода буд, зарбаро шиддат бахшид. Аз ҷумла, дар шаҳри Хон Юнис, ки қаблан сокинони осоишта дар он ҷо паноҳ бурда буданд, амалиёти густурдаи завоиву заминиро роҳандозӣ кард ва ин боиси қатли ҳазорон нафар шуд.

Тибқи охирин иттилои расонаҳои ҷаҳон, теъдоди кушташудагон дар навори Ғазза 16 ҳазорро убур кард. Наздики 6 ҳазори ин теъдод кӯдакон мебошанд.

Ин даргирӣ 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гуруҳи Ҳаммос ба Исроил ва куштори наздики 1200 нафар ва гаравгон гирифтани беш аз 200 нафар сокини ин кишвар, оғоз шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.